


ШУЪБАИ ФАРҲАНГНИГОРӢ ВА ИСТИЛОҲОТ
Шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот ҳамчун бахши Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ аз ибтидои таъсиси Шуъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1933 ба фаъолият оғоз кардааст.. Дар шуъба, ки аввал “Бахши луғатҳо”, баъдан “Шуъбаи луғатсозӣ ва луғатшиносӣ” ном дошт, устодон ва арбобони барҷастаи илму маориф С.Айнӣ, Е.Н.Павловский, Раҳим Ҳошим, А.Деҳотӣ, Н.Н.Ершов, М.Раҳимӣ, Л.В.Успенская, Т.Зеҳнӣ, С.Ҷ.Арзуманов, Ҳ.Муҳсинзода, М.Азизӣ-Мишкин, А.Нуров, В.Маҳмудӣ, В.Капранов, М.Фозилов, Н.Маъсумӣ, А.Бухоризода, И.Ализода, Ҳ.Раупов, С.Холматова, Ҳ.Аҳадов, А.Отахонова, М.Собирова, Ҳ.Бурҳонова, М.Юсупова, М.Шукурова, Ҳ.Турсунова, М.Раҳимова, А.Халилов, Р.Холмуъминова, Н.Холмуҳаммадов, Н.Абдуллоев, С.Каримов ва дигарон (қариб 40 нафар) фаъолият намуда, илми фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти тоҷикро дар кишвар ва берун аз он муаррифӣ кардаанд.
Мудирии шуъбаро устодон Я.И.Калонтаров, О.Ҷалолов, Л.Бухоризода, В.В.Капранов, А.Маниёзов, А.Сангинов ва солҳои 2013-2017 О.Қосимов, солҳои 2017-2019 Ф.Мирзоёров ба уҳда доштанд. Ҳоло мудирии Шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот (номи ҳозираи шуъба) ба зиммаи С.Назарзода мебошад. Шуъба дар ду самт кор мекунад: таҳия ва тадвини фарҳангҳои тафсирӣ ва фарҳангҳои дузабона.
ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ТО ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
“Луғати дуҷилдаи русӣ-тоҷикӣ” (1933-1934, зери таҳр. С.Айнӣ, Р.Ҳошим ва диг., муал. Н.Н.Ершов, Ф.Б.Брауде, Р.Ҳошим), “Луғати тоҷикӣ-русӣ” (ҷ.1, 1946, зери таҳр. акад. Е.Н. Павловский), “Луғати русӣ-тоҷикӣ” (1949, муал. ва муҳар. А.Деҳотӣ ва Н.Ершов), “Луғати тоҷикӣ-русӣ” (1954, зери таҳр. М.Раҳимӣ ва Л.Успенская), “Фарҳанги ибораҳои рехта” (ҷ.1,1963, ҷ.2,1965, муал. ва муҳар. М.Фозилов), “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (ҷ.1-2,1969, зери таҳр. М.Шукуров, В.Капранов, Р.Ҳошим, Н.Маъсумӣ), “Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ” (ҷ.1,1975, ҷ.2,1977, муал. ва муҳар. М.Фозилов, ҷ.3, 2017, муал. М.Фозилов, зери таҳр. А.Сангинов, Д.Обидов )“, “Луғати ихтисораҳои русӣ-тоҷикӣ” (1979, муал. ва муҳар. С.Холматова).
ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
“Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ” (ҷ.1-2, 2004, 2008, муал. ва муҳар. С.Холматова, Д.Саймиддинов, С.Каримов), “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” (ҷ.1-2, 2010, зери таҳр. С.Назарзода, А.Сангинов, С.Каримов, М.Султонов), “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” (ҷ.1, 2011, зери таҳр. С.Назарзода, Д.Саймиддинов, М.Султонов, С.Каримов ва диг., ҷ.2, 2021, зери таҳр. С. Назарзода, З.Холназарова, С.Каримов, М.Султонов, О.Қосимов ва диг.), “Фарҳанги русӣ ба тоҷикӣ” (ҷ.1, 2017, зери таҳр. С.Холматова, М.Султонов, С.Каримов ва диг.).
Айни ҳол Шуъба ба таҳия ва тадвини “Фарҳанги русӣ ба тоҷикӣ” (ҷ.2-3), “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” (ҷ.3-12) ва дигар фарҳангҳои хурду мутавассит, ба нашр омода кардани як қатор фарҳангҳои классикӣ, инчунин такмили фонди захиравии шуъба машғул аст.
Таджикистан
История
Экономика
Культура и образование
Туризм
Таджикистан и мировое сообщество
Государственные символы
Герб
Флаг
Гимн
Национальная валюта
Культурно-исторически места
Таджикский Национальный Парк
Гиссар
Хулбук
Саразм