


ШУЪБАИ ЗАБОН
Самти забоншиносӣ аз нахустин бахш дар сохтори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ба ҳисоб меравад. Аниқтараш, он бо номи Лингвистика - бунёди шуъбаи таърих, забон ва адабиёти дар Тоҷикистон будаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ 17-уми марти соли 1932 таъсис дода шуда, ба таври воқеӣ аз моҳи ноябри соли 1933 бо сарварии яке аз ховаршиносони варзидаи рус Е.Э.Бертелс ба фаъолият оғоз намудааст.
Дар солҳои гуногун дар шуъбаи забон, ки аз се шуъба: таърихи забон, забони адабии ҳозираи тоҷик ва лаҳҷашиносӣ иборат буд, донишмандони зерин бо натиҷа ва дастовардҳои арзишманд фаъолият кардаанд: Б.Ниёзмуҳаммадов, Ш.Рустамов, О.Ҷалолов, Н.Маъсумӣ, Р.Ғаффоров, А.Ҷӯраев, М.Файзов, А.Мирзоев, С.Назарзода, С.Сабзаев, Ш.Ниёзӣ, В.С.Расторгуева, А.З.Розенфелд, Р.Л.Неменова, С.Абдураҳимов, С.Атобуллоев, С.Раҳматова, Б.Сиёев, А.Халилов, Ф.Зикриёев, М.Акрамов, Т. Ваҳҳобов, З. Самадова, В.А. Лившитс, Д.Саймиддинов, Қ.Юнусов, Б.Бобохонов, А.Л.Хромов, Қ.Тоҳирова, Н.Беҳбудӣ, Қ. Саидова, М.Маҳмудов, М.Маҳадов, Б.Бердиев, Б.Саъдуллоев, Ҷ.Раҳматуллоев, Ҷ.Мурватов, А.Ҳақбердиев, Ш.Ҳайдаров, З.Зайниддинова, Х.Вазирова, О. Алиев, А.Абдунабиев, С.Раҳматуллозода, С.Носиров, Б.Алиев, Б.Ализода, Ҷ.Алимӣ.
Мудирии шуъбаро дар солҳои гуногун донишмандони зерин: Б.Ниёзмуҳаммадов (1938-1941; 1958-1972); Ш.Рустамов (1972-1990); О.Ҷалолов (1959-63); Н.Маъсумӣ (1963-1966); Р.Ғаффоров (1966-1994); А.Ҷӯраев (1994-1996); М.Файзов (1996-2002); А.Мирзоев (2002-2006), Д.Саймиддинов (1982-1996); С.Назарзода (2006-2011); С.Сабзаев (2011-2013) ба зимма доштанд. Аз соли 2013 то ба имрӯз сарварии шуъбаро С.Мирзоев ба уҳда дорад.
ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ТО ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик (дар се ҷилд). ҷ.1-1985; ҷ.2-1986; ҷ.3-1989.; Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ (дар панҷ ҷилд). ҷ.1-1980; ҷ.2-1979; ҷ.3- 1979; ҷ.4- 1984; ҷ.5-1982.
ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ (2017); Фарҳанги яғнобӣ-тоҷикӣ; Фарҳанги яғнобӣ-тоҷикӣ-англисӣ (2008); Вожасозии забони форсии миёна (2001); Фарҳанги шуғнонӣ-тоҷикӣ-русӣ-англисӣ (дар се ҷилд, 2020); Микротопонимияи водии Яғноб (2019); Калимасозии исм (2019).
Аз ин дастовардҳои муҳим асари панҷҷилдаи «Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ» нахустин тасвири ҳамаҷонибаи гӯйишҳои забони тоҷикӣ буда, соли 1989 сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардидааст.
Таджикистан
История
Экономика
Культура и образование
Туризм
Таджикистан и мировое сообщество
Государственные символы
Герб
Флаг
Гимн
Национальная валюта
Культурно-исторически места
Таджикский Национальный Парк
Гиссар
Хулбук
Саразм