Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

аз 13 июли соли 2022 №333 ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Институти забон ва адабиёти

ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои

Тоҷикистон озод намудани Шарифзода Б.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Шарифзода Боймурод Бобопур бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 июли соли 2022 №336
ш. Душанбе

Дар бораи директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон таъин намудани Шарифзода Ф.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Шарифзода Фарангис Худоӣ директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Эмомалӣ Раҳмон


 

RU