Тасвири як ҳайвони заҳматқарин дар

намунаҳои осори шифоҳӣ

Фаредун Исмоилов

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Унсурҳои асотирии ҳайвонот ва бовариву эътиқоди халқ ба онҳо дар фарҳангу адабиёти форсии тоҷикӣ бунёди куҳан дорад. Ҳайвоноти ваҳшиву ромшуда аз ибтидо то ин замон бо одату ҳаракатҳои худ диққати инсониятро ҷалб карда омадаанд. Бисёр одатҳои ҳайвонотро мардум мушоҳида карда, ба бархе аз ҳаракоту амалиёти онҳо эътимоду боварӣ пайдо кардаанд. Ва аз ин рӯ, ҷои зикр аст, ки ин мавзӯъро мавриди пажӯҳиш қарор додан аз манфиат холӣ нест. Зеро дар байни мардум бисёр бовару эътиқод дар ин хусус роиҷ аст. Ҳадаф аз ин гуфторҳо дар он аст, ки яке аз ҳайвоноти ёрирасони одамон хар ё маркаб мебошад ва дар ин мақола оид ба амалиёту одатҳои хоси ин ҳайвони заҳматқарин аз назари осори мардумӣ маълумот дода мешавад.

Ҳайвони меҳнативу кӯмакрасони мардуми кӯҳистони тоҷик - хар аз зумраи он ҳайвоноти хонагиест, ки барои кору заҳмати деҳотиён ёрии зиёд мерасонад. Агарчи гоҳо дар симову сурат зишт ба назар расад ҳам, жарфтар ба амалиёту меҳнати ин ҷонвар нигарем, бисёр ҷанбаҳои хуби меҳнаташро метавонем дарёфт. «Дар деҳоти дурдасти кӯҳистон аҳамияти хар аз анвои дигари васоити нақлиёт бештар аст», - мегӯянд одамони умрдидаву солхӯрда. Зеро мардумро ба манзил мерасонад, бор мекашад, хирман мекӯбад ва, умуман, тамоми бору афзори одамонро ба манзил мерасонад. Аз ин ҷост, ки халқ ба ин ҳайвони меҳнаткаш эҳтиёҷ дорад ва нисбат ба он ғамхориву дилбастагии зиёд ҳам дорад.

Дар осори шифоҳии мардум хар тимсоли образҳои ҳам мусбат -меҳнаткашу ёрирасони одамон ва ҳам зишту нопок тасвир шудааст. Дар бораи ин ҳайвон мардум андешаву афкори хешро маҷозан ва ҳам ғайримаҷоз ифода кардаанд.

Ҳадаф аз интихоби мавзӯъ баррасии тавсиф ва арҷгузориҳо нисбат ба ҳайвони мазкур дар осори шифоҳии мардуми тоҷик мебошад. Чунки дар ин масъала ҳанӯз мақолаву пажӯҳиши алоҳидаи илмӣ анҷом наёфтааст ва ҳамчунин бемуҳобо метавон гуфт, ки ҳар як ҳайвони хонагӣ аз як ҷиҳат дар зиндагиву ҳаёти халқ аҳаммияти муҳим дорад ва омӯзишу пажӯҳиши паҳлуҳои ҳаёт ва хосиятҳои онҳо аз аҳаммияти илмиву назарӣ холӣ нест. Аз ин рӯ, метавон хотирнишон сохт, ки ниёгони мо дар фарҳангу адаби таърихии хеш ба ин ҳайвони меҳнатӣ арҷ гузоштаанд ва шуарову адибон хосияту меҳнати онро дар осори хеш васф кардаанд. Чунончи, Шайх Саъдӣ дар асари «Гулистон»-и бехазони хеш ҳайвоноти меҳнатқарину борбардор, ба мисли «говону харони борбардор»-ро беҳтар аз инсонҳои зараррасону мардумозор пиндоштааст:

Мискин хар агарчи бетамиз аст,

Чун бор ҳаме барад азиз аст.

Говону харони борбардор,

Беҳ з-одамиёни мардумозор [5, 65]. 

Аммо масъалаи нодида гирифтани ин ҳайвони меҳнатқарин ва бо азобу шиканҷа ба сару гӯшҳои он бо асои махсус халондану задан дар байни мардуми мо шигифтангез аст. Ҳатто бархе аз касони бераҳму шафқат бо ҷурме ё бе он ҳам гӯшу думи ин ҷонварро мебуранд, ки ин амал ба адолату инсофи одамият дуруст намеояд. Ҷойи зикр аст, ки муҳаққиқ, нависанда ва донишманди адолатназар Қодири Рустам дар мақолаи «Хар ва масоили озодӣ» заҳмату хизматҳои ҳайвони мазкурро ба назар гирифта, бераҳмии бархе аз одамонро маҳкум месозад. Тавре ки нависанда менигорад: «Инак, назари тоҷик ба хар, рафтори вай бо ин ҳайвони безабони меҳнаткашу заҳматқарин аксар маворид беадолатона, беинсофона ва бераҳмона аст. Ба хар савор мешавад, хар ҳезумашро меорад, алафи говашро ҳам мекашонад, киштзорашро шудгор мекунад, хирманашро мекӯбад ва боз ҳазору як корашро анҷом медиҳад ва… ва чӣ подош медиҳадаш? Муштаи алаф ва ду мушт ҷав, то хастагиаш рафъ бишавад, неру андӯзад ва боз кор бикунаду бор бикашад, дигар ҳама чӯбу чӯбу халачӯб, таҳқиру таҳвин, душном…

Тоҷик барои аспаш тозиёна месозад, дастаи онро нақш меканад, дар васфи тозиёна байт эҷод мекунад, барои барзаговаш асои дарозу нозуку суфтае месозад ва онро бо вожаи нарму зебои «говрона» номгузорӣ мекунад, ки гоҳ – гоҳ, бештар дар сари огард истифода мешавад. Халачӯбро танҳо барои хар сохтааст. Бо асои маъмулӣ иктифо намекунад, дар сари асо мехеро мекӯбад ва онро дам ба дам ба думғозаи хар мехалад, то хараш аз хари рафиқони раҳаш ақиб монда, ӯро шарманда накунад.

Бечора хар!

Полондӯз болиштакҳои полонро ҳамвор нишонда наметавонад, полон пушти харро маҷруҳ мекунад, хари бечора азият мекашаду тоб мехураду бораш каҷ мешавад ва харбанда дафъатан ду-се чӯби обдор ба пушташ мезанад» [3, 188].

Ғараз аз овардани ин иқтибоси муфассал он аст, ки нигоштаи фавқ ҳар масоилеро, ки марбут ба хар аст, хоҳ назари манфӣ ва хоҳ мусбат бошад, фаро мегирад. Нависанда андешаҳояшро воқеъбинона ва дар таҷриба дидаву санҷида  баён менамояд. Нигоштаҳояш ба ҳақиқати ҳол наздик аст ва мо масъалаи мавҷударо дар эҷодиёти шифоҳии мардум низ мушоҳида мекунем. Дар аксари рубоиву дубайтиҳои халқӣ бештар симои зишту манфии хар бозтоб шудааст.   

 Заҳмату ёрирасониҳои ин ҳайвони меҳнатиро шоирону адибон ва халқ низ дар осори шифоҳии худ арзёбӣ кардаанд. Тасвири харро мо дар аксар жанрҳои фолклорӣ дучор мешавем, ки барои намуна метавон осори зеринро ишорат кард: 

  • дар рубоиву дубайтиҳо;
  • дар зарбулмасалу мақолҳо;
  • дар бовару шугунҳо ва таъбири хоб;
  • дар латифаю афсона ва ривоятҳо…

Рубоиву дубайтӣ, суруду тарона ва дигар осори шифоҳии мардум маҳсули таҷрибаи ҳаёти инсонӣ буда, дар онҳо мавзӯъҳои мухталиф ифода ёфтаанд. Махсусан рубоиҳо яке аз анвоъи шеърии маҳсули хеле қадимии мардум буда, масъалаҳои муҳимми ҳаёти одамон дар онҳо инъикос ёфтааст. Метавон гуфт, ки аз назари мардум ҳеч як мавзӯе ё масъалае дур намонда, албатта, дар ягон намунаи осори шифоҳӣ дар ин хусус маълумот дода мешавад.  Мавриди зикр аст, ки масъалаи омӯзишу таҳқиқи рубоиву дубайтиҳои шифоҳӣ борҳо аз тарафи пажӯҳишгарони осори мардумӣ сурат гирифтааст, аммо дар бораи рамзи маркаб ё хар, тавсифу тасвири он дар осори шифоҳӣ то ҳол маълумот дода намешавад. Академик Раҷаб Амонов дар асари арзишманди хеш «Рубоиёти халқӣ ва рамзҳои бадеӣ» (1987) доир ба рамзи саг, деви сиёҳ ва як қатор парандаҳо ибрози андеша намудааст, аммо дар хусуси рамзи хар дар рубоиҳо ҳеч маълумоте намедиҳад. Аз эҳтимол дур нест, ки ин ҳайвон бо хосиятҳои манфӣ ва зишти худ диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб накарда бошад. Дар мамлакатҳои пешрафтаи дунё муҳаққиқон ба ҳамаи масъалаҳои зишту манфӣ ва мусбат аз назари илм диққати хешро равона месозанд. Аз ин рӯ, месазад, ки мо ҳам ба арзиши фарҳангу маданият ва ҷанбаҳои мардумии осори шифоҳӣ диққати амиқ диҳем. Баъд аз баррасӣ ва омӯзиши ин масъала ба мо маълум гардид, ки рамзи «хар» дар аксар рубоиву дубайтиҳо бевафоии ошиқ нисбат ба маъшуқа мебошад ва дар бархе аз ин осор рамзи меҳнатқариниву кӯмакрасонӣ ба мардум аст.  

 Дар рубоиву дубайтиҳои мардумӣ гӯяндаҳо аксар маврид вожаи «хар»-ро маҷозан ба феълу рафтори ношоями ошиқ ё маъшуқи худ нисбат медиҳанд. Масалан, ровии ин рубоӣ зан аст ва ба мард таън мезанад, ки ба мисли худаш маъшуқаи бераҳа ёфтааст ва худи ӯ, ки қадру манзалати хешро ба гунаи зару гавҳар мепиндорад, таъкид мекунад, ки ин мард ба ҷои зару гавҳар «дандони хар» ёфтааст. Яъне, ошиқ ба худ маҳбубаи мувофиқ интихоб накардааст, балки ташбеҳан хислату рафтори ӯ ба мисли худи ошиқ манфӣ пиндошта мешавад.   Ташбеҳоте, ки аз ин рубоӣ бармеояд, таън задани занони фиребхӯрда аз тарафи мардонро нишон медиҳад. Ҳадаф аз ибораи «дандони хар» дар ин ҷо ночиз будани онро нишон медиҳад, ки нисбат ба зар ҳеч арзише надорад:  

Ай лаваки ов тугмаи зар ёфт ёрум,

Лоиқи худуш ҷалави ғар ёфт ёрум.

Ин лоиқи вай бошад, вай лоиқи ин,

Дандони хара ба ҷои зар ёфт ёрум [7].

  Дашном, қасам ва дуоҳои кӯтоҳ низ аз жанрҳои хурди осори шифоҳӣ маҳсуб мешаванд ва намунаи зиёди онҳоро фолклоршиносон ҷамъоварӣ кардаанд, ки дар бойгонии Фолклори тоҷик маҳфузанд. Ҳақорат ё ба гуфтори мардуми маҳаллӣ «душмон», «дашном»-ҳо дар байни мардуми манотиқи мухталифи кишварамон намунаҳои гуногун дорад. Одамон барои ҳамдигар ҳангоми ҷангу носозгориҳо дашномҳои қабеҳу аз одоб берунро ба забон меоранд, ки ин падида аз замони куҳан оғоз ёфта, то имрӯз идома дорад. Дашномҳои «падарат ба лаънат», «лаънатӣ» «падарлаънат» ҳамеша дар истеъмоли мардум қарор мегиранд. Чунончи, дар порчаи шеърии зер дашноми «лаънат» истифода шудааст, ки гӯянда духтар аст ва ба писар таъкид менамояд:

Э бачаҳаке, ба дидорат лаънат,

Ба дастони чап, лунҷои кашолат лаънат.

Ту буса ба хар бите, хар буса ба ту,

Ту лоиқи хар дорию хар лоиқи ту.

Мо луқмаи покиза, нолоиқи ту [8].

  Дар нусхаи дигар ҳам масъалаи шабоҳат додани ҷавон ба хар такроран таъкид мешавад. Аз мазмуни ин осор низ бевафоиву фиребгарии ошиқро пай бурдан мумкин аст. Зеро ин масъала то имрӯз ҳам дар ҷомеаи мо дар байни ҷавонон роиҷ аст ва мо борҳо мушоҳида кардаем, ки ҷавонону наврасон духтаронро фиреб медиҳанд ва бар ваъдаи додаи худ вафо намекунанд. Дар ин рубоӣ оид ба ҷавоне сухан меравад, ки вай аввал ба дилу дидаи духтар ҷой гирифтааст, аммо то охир ба ишқаш вафо накардааст. Аз ин рӯ, маҳбуба бо дарду алам ба ӯ иброз медорад, ки «ту лоиқи хар будӣ, хар лоиқи ту» ва ҳеч гоҳ бо ман сазовор буда наметавонӣ, зеро ман «гавҳар» ҳастам. Дар ҳар дуи ин нусха ташбеҳоти монанд ба назар мерасанд ва метавон гуфт, ки бунёди ин қабил рубоиёт як аст ва нусхаҳои гуногуни он дар байни мардум густариш ёфтааст. Аз ин осори мардумӣ яке аз хусусиятҳои фолклорӣ, ки вариантнокӣ аст, маълум мегардад:

Ёрам бо ту, ҳазор ёрам бо ту,

Шоҳбача шавӣ, назар надорам бо ту.

Ту лоиқи хар будӣ, хар лоиқи ту,

Ман гавҳари қиматӣ, кай лоиқи ту [9].  

  Тавре маълум гардид, дар ҳардуи ин осори мардумӣ вожаи «хар» ба маънии манфӣ, яъне ба мисли хар, ба монанди хар будани мухотаби гӯянда истифода шудааст.

  Ҳамчунин дар рубоии дигар маҳбуба нотавониву назартангии ёрашро таъкид мекунад ва мегӯяд, ки «эй ёри азиз, ту гулро аз хор, беморро аз сиҳҳат фарқ карда наметавонӣ ва барои ту хари лангу аспи тозӣ як аст!». Бинобар ин метавон аз мазмуни рубоӣ хулоса кард, ки гӯянда дарду алам, камбудиҳои ёр ва носозгориҳои ӯро мазаммат карда, ба ин васила аламу қасди хешро мехоҳад фош созад ва камбудии мамдуҳро нишон диҳад. Ибораи «хари ланг» дар ин ҷо ба маънии манфӣ омадааст. Яъне, хареро дар назар дорад, ки пояш ланг аст ва кореро анҷом дода наметавонад. Аммо дар муқоиса гузоштани ин хар бо «аспи раҳдор», албатта, хусусияти манфию мусбати ин ҳайвоноти савориро нишон медиҳад. Гӯянда аз оғоз то анҷом хусусиятҳои хубу бади ашёву ҳайвонотро дар муқоиса мегузорад:  

Ҷон ёри азиз, ба ту гулу хор якест,

Дар назари ту саҳат ва бемор якест.

Ҳама мехура ҳасуси ёри санаме,

Ба ту хари лангу аспи раҳдор якест [10].  

  Ровиёни ин бахши рубоиёту дубайтиҳо аксар духтарону занон ҳастанд, зеро аз мазмуну муҳтавои ин осор ҳувайдост, ки як навъ гилагузориву таҳқироти занон нисбат ба мардони фиребгару ваъдахилоф зоҳир мегардад. Тавре ки ҳасрати занеро дар байтҳои зер мебинем: Ёри ман ба мисли худ маҳбубаи касиф ёфтааст ва аз алами он ки аз ӯ ҷудо шудааст, дар мисраъҳои сеюму чаҳорум ба ӯ таън мезанад ва мепиндорад, ки не ҳусни худаш хуб асту не занаш ва аз қаҳр лабҳои зани ӯро ба пордуми даридаву кашоли хар ташбеҳ медиҳад:

Дар лаваки ов тағора мондай ёрум,

Монанди худуш касофата ёфтай ёрум.

Не ҳусни худуш расою не ҳусни зануш,

Лабҳои зануш кашолу пордуми харуш [ 11].

  Ҳамон гуна ки дар аввал зикр шуд, хизмати аспу харони боркаш барои хоҷагии деҳот ниҳоят зиёд аст ва дар рубоии зерин халқ аз азобу машаққати ин ҳайвоноти меҳнаткаш ёдовар шудааст. Дар ин ҷо пеш аз ҳама таваҷҷуҳ ба «Ағбаи бад», ки ағбаи Обурдон аст ва он дар назди Мастчоҳи кӯҳӣ мавҷуд мебошад, равона шудааст. Зеро роҳҳои гузаштан аз ин ағба душвор буда, одамон тавассути аспу харон бо азобу машаққати зиёд аз он ҷо мегузаштаанд. Дар мирсаъҳои охир ровӣ аз паёми боришоти зиёди борон ва дар натиҷаи сел ва озод шудани мардум аз ин душвориҳо хабар медиҳад:

Эй ағбаи бад, аспу харонро куштӣ,

Боридию болои намакро шуштӣ.

Эй ағба, шунав, акнун мо озодем,

Он роҳи туро ба барфу борон додем [12].

  Омӯхтани хат ва навиштану хонда тавонистан дар ҳар давру замон барои инсон аҳаммияти муҳим дорад. Инсон, албатта, вақте ки хондану навиштанро ёд мегирад, ҷаҳонбиниву фаҳмиш ва фаъолияти ӯ беҳтару хубтар мешавад. Аз ин рӯ, ниёгони мо аз қадим ба ин масъалаи муҳимми ҳаёти инсонӣ аҳаммияти ҷиддӣ додаанд ва дар ин хусус суханҳои ҷолиб гуфтаанд. Шоирону нависандагон осори арзишмандеро офаридаанд ва ҳамчунин дар осори шифоҳии мардум ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ равона шудааст. Халқ тарғиби илму дониш, хондану навиштанро дар ганҷинаи бегазанди шифоҳӣ бозгӯйӣ кардааст. Тавре ки аз ин осор бармеояд, гӯянда ба падари худ муроҷиат мекунад, ки ӯро ба мактаб диҳад, то ки вай аз донишу омӯзиш дур намонад ва бедонишу бесавод ба воя нарасад. Ровии рубоӣ дар мисраи охир хитоб мекунад, ки боз аз хондану донистан қафо монда, ба мисли бачаҳои оворагарди кӯча нашавад ва ба таъбири ӯ ин кӯчагардон ба мисли маркаб ҳастанд, зеро онҳо аз фарҳангу адаб бохабар нестанд. Вожаи «хар» дар ин мавриди истифодааш ташбеҳан ба кор рафтааст, ки манфӣ аст ва халқ бачаҳои кӯчагарду оворагардро ба хар монанд мекунад. Рубоӣ:

Тоқатам тоқ шуд, э падарҷонам!

Ҳама доно шаваду ман монам.

Э падарҷон, маро ба мактаб бар!

Нашавам мисли кӯчагардон хар [13].

Ҳамон мазмуне, ки дар рубоии болозикр ифода ёфтааст, айнан дар порчаи шеърии дигар такрор мешавад. Мардум тавассути ин осор мехоҳад, ки ҷавонону наврасонро аз навиштану хондан ҳушдор намояд ва метавон гуфт, ки ин осори мардумӣ ҷанбаи ахлоқиву тарбиявӣ ва насиҳату маслиҳатдиҳӣ низ дорад. Дар мисраъҳои охир таъкид шудааст, шахсе, ки хондану навиштанро наметавонад, фаҳмишу дониши ӯ аз гову хар бадтар аст:

Хат навиштан фазилати ҳунар аст,

Хондани хат зиёда муътабар аст.

Ҳар ки аз ин ду кор бехабар аст,

Бадтар аз гаву зишттар аз хар аст [14].  

Бо вуҷуди он ки дар як силсила дубайтиву рубоиёти шифоҳӣ сухан перомуни зиштиву дигар хусусиятҳои манфии хар меравад, аммо дар як рубоии дигар таваҷҷуҳи моро меҳнаткашиву ёрирасон будани он ба худ мекашад. Ин ҳайвони пуртоқат дар шароити душвори кӯҳистон дар хоҷагии мардум хизматгори беминнат буда, имрӯз ҳам ҳамин хусусияташро нигоҳ доштааст. Дар ин рубоӣ таҷрибаи санҷидашудаву ба мушоҳидагирифтаи халқ дар масъалаи фарзандхонд гирифтани одамон инъикос ёфтааст. Халқ бар он андеша аст, ки фарзанди харида (угай) ҳеч гоҳ ба падару модар хизмат намекунад ва вафодору садоқатманд нест ва гарчанде ки ба гардани вай сад тавқи тилло бандӣ ҳам, ӯ вафодор буда наметавонад. Дар охирсухан мардум ба хулоса омадаааст, ки аз фарзанди харидашуда ё фарзандхоншуда дида, маркаб беҳтар аст, чунки он, ба таъбири мардум, «ёри беминнат» аст. Дар ин рубоӣ меҳнату заҳмати хар аз тарафи мардум қадрдонӣ шуда, сазовор дониста мешавад, ки ба гардани он тавқи заррин бибанданд:   

Фарзанди касон намекунад фарзандӣ,

Сад тавқи тило ба гарданаш барбандӣ.

Як тавқи тило ба гардани хар бандӣ,

Ҳам об кашад, ҳам кунад фарзандӣ [15].

  Ҳазлу мутоиба яке аз мавзӯъҳои густардаи адабиёти форсии тоҷикӣ ва ҳамчунин осори шифоҳӣ мебошад. Дар асарҳои мутоибаву ҳазломез хислату амалиёти манфии қаҳрамон фош карда мешавад. Умуман, мутоибаву мазоҳ ва ҳазлу шӯхиҳо дар маркази диққат қарор мегиранд, аммо оҳангҳои танқидиву ифшосозӣ низ дар ин гуна осор нуҳуфтааст. Масалан, дар ин рубоӣ гӯянда ҷавонмард аст ва духтареро мазоҳу масхара мекунад, ки ту ҳоло духтар ҳастиву аммо дар тан куртаи махсуси занонаи ширдеҳ дорӣ ва шавҳари ту зишту ифлос аст:

Духтар-духтар, котаи кулкун[1] дорӣ,

Худ надидаю шуяки чиркин дорӣ.

Ман шуи туро ба думи хар мебандам,

Гург омаду хар давид, ман механдам [16].

  Дар маҷмуъ, чи тавре ки дар аввал ишорат рафт, дар рубоиву дубайтиҳои мардумӣ тасвири «хар» дар ҷое ҳамчун ҳайвони меҳнативу заҳматкаш  тасвир шуда, дар як қисми онҳо чеҳраи зишти он ба инсонҳое, ки дорои хислати пасту манфӣ ҳастанд, нисбат дода мешавад.  

Дар як силсила зарбулмасалу мақолҳо низ тасвири маркабро мушоҳида мекунем, ки халқ гоҳ маҷозиву гоҳи дигар ҳамон сифату одатҳои аслии ин ҳайвонро нишон додааст.

Образи «Хари Исо» дар фарҳангу адабиёти мо дер боз таваҷҷуҳи шуаро ва мардуми одиро ба худ ҷалб кардааст. Ин чеҳраи манфӣ яқинан, баъд аз ҳузури Ислом ба фарҳанги мо ҳамчун тимсоли образҳои манфӣ ворид гардидааст.  Хари Исо дар байни мардуми тоҷик ҳамчун лақаб ба шахсони ноаҳл ва бетарбият нисбат дода мешавад. Дар байни мардум лақаби «хари ъесӣ» ҳам маъмул аст, ки одамон ба фарзандони сусткору ноаҳл чунин таъбирро лоиқ медонанд. Мусаллам аст, ки дар ҳар як оила фарзандоне ҳастанд, ки гапнодаро, коргурез, нодону аҳмақ, зишту бетарбият ҳастанд ва ба онҳо аз тарафи дигар аъзоёни оила лақабҳои қабеҳу мазоҳангез гузошта мешавад. Чунончи, зарбулмасали машҳури зеринро халқ барои ин тоифаи одамон офаридааст:

«Хар рафт Маккаву Мадина, боз омад ҳамон хари порина» [17].

Ин зарбулмасал таърихи қадимӣ дорад ва дар осори шоирону адибони гузаштаву ҳозира барои тарғибу ташвиқи одобу ахлоқи ҷавонон ва махсусан барои ислоҳи камбудии онҳо гуфта мешавад ва ин асари халқӣ дорои аҳаммияти ахлоқиву тарбиявӣ мебошад. Аз ин рӯ, «муаллими ахлоқ» – Шайх Саъдӣ бо дигаргунии калимаҳо ҳамин мазмунро дар шеър баён намудааст. Дар ҳикояти Саъдӣ низ ноаҳлу беҳастӣ будани писари вазире ба «хари Исо» тамсил карда мешавад. Ҳикоят чунин аст: «Яке аз вузароро писаре кавдан буд. Пеши яке аз донишмандон фиристод, ки мар инро тарбияте мекун, магар оқил шавад. Муддате таълим кардаш, муассир набуд. Пеши падараш кас фиристод, ки ин писар оқил намешавад ва наздик аст, ки маро девона кунад.

Чун бувад асли гавҳаре қобил,

Тарбиятро дар ӯ асар бошад.

Ҳеҷ сайқал накӯ надонад кард,

Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад.

Саг ба дарёи ҳафтгона бишӯй,

Ки чу тар шуд, палидтар бошад.

«Хари Исо гараш ба Макка баранд,

Чун биёяд, ҳанӯз хар бошад» [5, 203].

  Аз ин ҳикояти Шайх Саъдӣ бармеояд, ки шоир мазмуни зарбулмасали мазкурро ба маънии манфӣ барои тарбияву ахлоқи ҷавонон истифода бурдааст. Зарбулмасали мазкур имрӯз ҳам дар миёни мардум мавриди истифода қарор дорад.

Санъати маҷоз дар аксари зарбулмасалҳои мардумӣ ҳамчун санъати бадеӣ истифода мешавад, вале худи халқ аз моҳияти ин санъати шеърӣ бархурдор нест. Танҳо одат шудааст, ки халқ маҷозан чизеро ба ашёи дигар ё касеро ба ҳайвоне монанд мекунад. Чунончи, дар зарбулмасали зер маънои маҷозӣ дида мешавад. Ин асари халқӣ маҷозан ба одамоне гуфта мешавад, ки ба қадри ашёҳо намерасанд ва неъматеро пеши по мезананд ва ё назарбаландӣ мекунанд, ки ин хислати хуби инсонӣ нест: 

Хар чӣ донад лаззати қанду набот,

Турбаи каҳ бошаду кунҷи работ [17].

  Зоҳиран, дар назари аввал хар ҳайвони дастнигар аст ва ҳар чиз, ки инсонҳо ба он диҳанд, мехӯрад ва барои вай, албатта, аз қанду набот алафу ҷав беҳтар аст. Аммо дар ин асари мардумӣ асосан маънии маҷозӣ дар назар дошта мешавад, ки манзур инсони бадфеъл мебошад. Чунин одамон ба қадри қанду набот ва дигар неъматҳои олӣ намерасанд ва билохира дар зери танқиду сарзаниши халқ қарор мегиранд.

  Зарбулмасали дигар бо қаринаҳои зиёд дар байни мардумони минтақаҳои кишвари мо густариш ёфтааст ва барои мисол ду намунаи онро меорем:

«Хар а (аз) хар монад, гӯшаша бур» [17].

Ё ин ки:

«Хар аз харгала монад, ёлу думаш мерезад» [6].

Дар ин осори мардумӣ дар назар ҷавоне ё шахсе дошта мешавад, ки вай бадфеълу гапнодаро буда, мехоҳад ҳамроҳи як гурӯҳи бачаҳои оворагард бо мақсади нопоку номуайян сайругашт кунад. Падару модар мехоҳанд, ки фарзанди онҳо ба гурӯҳи бачаҳои кӯчагард ҳамроҳ набошад, аммо фарзандоне ҳастанд, ки сухани волидонро гӯш намекунанд ва нописандӣ карда, баромада мераванд. Дар ин маврид мақоли мазкурро истифода мебаранд.

Дар гузашта дар кишвари мо мардум барои аз як деҳа ба деҳаи дигар, аз як минтақа ба минтақаи дигар рафтан имконият надоштанд ва пойи пиёда як рӯзу ду рӯз рафтан кори осон набуд. Бинобар ин розӣ буданд, ки туъмаи гург ҳам бошанд, вале савора бошанд. Аз роҳҳои пурпечутоби дурударози кӯҳистон ба танг омада буданд. Манзур аз ибораи «поям кашол» савора будан аст, яъне савораи асп ё маркаб мебошад:

«Дар даҳони гург бошаму поям кашол» [6].

Дар ин зарбулмасал як рамзи пӯшидаву муаммоназир ниҳон аст ва хонанда дар нигоҳи аввал мазмуни онро дарк карда наметавонад. Лекин, ҳангоме ки амиқтар андеша кунад, мефаҳмад, ки манзури халқ чист. Бинобар ин ҳам бархе аз осори мардумӣ хонандагонро ба ҷустуҷӯ ва фикру андеша водор месозанд, то ки дарки маънӣ карда тавонанд.

Бовару шугунҳо дар бораи маркаб дар байни мардум аз замони қадим то имрӯз идома дорад. Халқи тоҷик ҳатто барои бархе аз бемориҳо аз шири хар истифода мебаранд ва бовар доранд, ки ин модда ба бисёр дардҳо давобахш аст. Халқ дар тӯли таърих борҳо мушоҳидаву таҷриба кардааст, ки воқеан шири хар барои касалии сулфаи сахт ё «кабутак» манфиатбахш аст. Чунончи, халқ мегӯяд: «Шири хар ба касалии сулфаи кабутак даво мебахшад» [6].

  Дар омади сухан бояд зикр намоям, ки вақте хурдсол будам, дар деҳаи Вени ноҳияи Панҷакент солҳои пеш ҳамин касалии «сулфаи кабутак» паҳн гардида буд ва бисёр кӯдакон аз ин беморӣ азият мекашиданд. Мо, кӯдакони хурдсол, ба ин васила аз ин беморӣ раҳо ёфта будем. Куҳансолони деҳа борҳо таҷриба карда будаанд, ки ин маҳсул барои бемориҳои гуногун манфиат доштааст.

Боварӣ ба «Хари Даҷҷол» дар адабиёт ва фарҳанги мо дер боз зуҳур дорад. Хари Даҷҷол яке аз тимсолҳои асотирии фолклору адабиёти форсу тоҷик мебошад. Мувофиқи боварҳои мардумӣ Даҷҷол гӯё махлуқи ғайриоддиву ёвари шайтон будааст. Дар ин хусус пажӯҳишгарони мардумшинос А. Афсаҳов ва Д. Раҳимов дар Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик (2017) маълумоти муҳим додаанд. Тавре ки дар ин асар зикр гардидааст: «Мувофиқи баъзе боварҳо, бояд ҳар як мусулмон дар хонааш наск дошта бошад. «Рӯзи охирзамон, ки хари Даҷҷол омад, гӯё, наск андаруни коса ҷастухез ва бозӣ мекардааст ва ҳуши кас ба ҳамон банд шуда, хари Даҷҷол гузашта мерафтааст». Яъне бо ин васила кас ба найранги Даҷҷол намеафтодааст ва дар охири дунё аз динаш берун намешудааст» [2, 521].

Ин боварҳои мардумӣ ҷанбаҳои асотирӣ ва то андозае хурофотӣ низ доранд, зеро ба ин воситаҳо мардум мехостанд, ки аз балову найрангҳои махлуқоти зараррасон раҳо ёбанд. 

Бовари мардум ба «чашми бад» ҳам зиёд аст ва дар ин хусус гуфторҳои мардумӣ дида мешавад. Масалан, дар байни халқ шугуни зер паҳн гардидааст:

«Дар шохи дарахт устухони сари харро мегузоранд» [6].

Ҳикмати ин бовари мардум дар он аст, ки гӯё ба ин восита дар боғ заҳри чашм намерасидааст ва ба ин васила мехоҳанд, ки меваю ҳосилоти онҳо дар амон бошанд. Ғайр аз ин дар бисёр минтақаҳои дигари кишвар наъли аспро ба назди зинапояи дарвозаву дари хонаҳо мегузоранд ва ҳамчунин хори чашм ё испандро дар шохи дарахтон ва дар назди хонаҳо баста мемонанд, ки ин одатҳои мардумӣ то замони мо ба таври анъана омада расидаанд. Ҳадаф аз ин одатҳои мардумӣ эмин доштани хонадону боғашон аз чашми бад мебошад.

Хобгузорӣ ҳолати физиологии майнаи сари инсонҳост, дар фарҳангу адаби мо бовар ба ин падидаи асотирӣ бунёди дерин дорад. Дар байни мардуми тоҷик хобгузориву хоббинӣ ва таъбирҷӯйиҳо нисбат ба хоби дидаи одамон ҳанӯз ҳам идома дорад. Одамон барои фаҳмидани таъбири хобҳо ба назди муаббирон мерафтанд ва таъбиргӯён ҷавоби хобҳоро аз рӯйи мазмуну муҳтавои хоби дидаи онҳо таъбир мекарданд. Халқ мегӯяд, ки «Хоб пайғоми Ҳақ аст». Ҷолиби диққат аст, ки «хар» бо ин ҳама зиштиву хосиятҳои манфиаш дар хоб таъбири нек дорад. Асп бо ҳама зебоиву давандагӣ дар таъбироти мардум бад аст. Дидани асп дар хоб таъбири сиёҳиву тобут ва марг аст. Аммо хар, ки ҳайвони меҳнатқарину заҳматкаш ва кӯмакрасони одамон аст, дар хоб давлат ва бойигарӣ таъбир мешавад. Аз ин сабаб мардум мегӯянд:

«Дар хоб дидани хар хосияти хуб дорад» [6].

Ва ё дар шугуни дигар:

«Харро дар хобат бинӣ, ба муродат мерасӣ» [6].

Аз рӯи боврҳои мардумӣ агар дар хоб хари пушташ луч, яъне беафзор бошад, таъбири хуб дошта, аммо хари бордор ё боафзор таъбири бад (марг ё ғам) доштааст. Ин таъбир аз маълумоти баъзе гӯяндагони мардумӣ бармеояд.

Дигар бахши осори шифоҳӣ ривоятҳо мебошанд, ки дар онҳо оид ба ҳар гуна махлуқоту ҳайвонот иттилоъ дода мешавад. Ривоятҳо бештар вазифаи иттилоотӣ доранд ва ҳамчунин хусусияти тарбиявии ин намуди осори мардумиро ҳам мушоҳида мекунем. Дар бораи маркаб як силсила ривояту нақлҳо дар байни мардуми тоҷик густариш ёфта ва бархе аз  онҳо ҷамъоварӣ шуда, дар асарҳои фолклорӣ нашр гардидаанд. Барои мисол ривояти «Ақли хар»-ро меорем, ки дар он сухан оид ба қобилияти мушоҳидавии ин ҳайвони заҳматкаш меравад. Шояд муқтазои табиат бошад, ки баъзе аз харҳо одати хуб доранд. Мо борҳо мушоҳида кардаем, ки баъзе харҳо агар ба ягон роҳи ноҳамвор рафта афтида бошанд, бори дигар ҳангоми гузаштан аз он роҳ боэҳтиёт ҳаракат мекунанд. Чунин далелҳо зиёданд, ки одамон борҳо аз фаросату одати ин ҳайвон дар шигифт мондаанд. Чунончи, ривояти зер иттилоъ медиҳад:  

Подшоҳе будааст. Умраш ба охир мерасид. Рӯзе ба фарзандонаш гуфтааст: «Замоне дар як ҷо давлатам – зару тиллоро пинҳон карда, ҷояшро гум намудам». Як каси доно будааст, ӯ пурсидааст: «Онро бо чӣ бор карда бурдед?» Гуфтааст, ки бо хар бурда будам. Гуфтааст: «Ҳамон харро ёфта, бораш кунеду вайро ба он тараф баред».

Ҳамон харро ёфта, онро бор карда, пеш андохта ба ҳамон тараф мераванд. Хар рафта, дар ҷое меистад. Он ҷоро кофта мебинанд, ки дар ҳақиқат тиллову нуқра ҳамон ҷо будааст. Барои ҳамин мегӯянд, ки «Ақли хару зӯрии мӯрча якест» [4, 281].

Ҳикмати ин осори мардумӣ дар он аст, ки хар ҳайвони дорои қобилияти мушоҳидавӣ буда, аз рӯи одат бисёр амалиёти ғайричашмдоштро қодир мебошад. Дар охири ривоят халқ бо зарбулмасали ҳикматнокаш сухани худро ҷамъбаст менамояд, ки мардум ба «ақли хару зӯрии мӯрча» қоил шудаанд. Ҳамин ҷо бояд тазаккур дод, ки хар дорои ақлу шуур нест, аммо аз рӯи одат ва муқтазои табиат баъзе амалҳои хуби тааҷҷубоварро анҷом медиҳад, ки халқ аз ин сабаб унвони ривоятро «хари боақл» гузоштааст.

  Вобаста ба ин масъала устод Садриддин Айнӣ низ дар асари хотиравиаш «Ёддоштҳо» маълумоти хубе медиҳад, ки барои намуна порчае аз онро зикр менамоем. «…Чун мо аз Ялангӣ ном манзил, ки байни Вобканду шаҳри Бухорост, гузаштем, хар ба канори роҳ баромада, дар зери як дарахти бед истод. Падар харро бо чӯбзании бисёр аз он ҷо ҳаракат дода ба роҳ даровард ва ба ман гуфт: − Соли гузашта баҳорон вақте ки ба шаҳр мерафтам, ба сари бозори Ялангӣ нафаромада ба зери ҳамин дарахти бед фаромада худ нон хӯрдаву харро дам дода будам. Аз миёна як сол гузашта бошад ҳам, хар ҳанӯз он воқеаро аз ёд набаровардааст ва мехоҳад, ки боз дар ҳамон ҷо вайро дам диҳам. Бинобар ин аз он ҷо гузаштан нахост. Падар баъд аз дақиқае хомӯш мондан боз ба гап даромад: - Хар аз одаме, ки чизҳои дидаву шунидаашро аз ёд мебарорад, беҳтар аст. Диққат кун, ки ҳеҷ чизро аз ёд фаромӯш накунӣ! Падарам бо ин таълими дар боло нақл кардашудаи худро бо як мисоли содаи авомона таъкид ва зернишон карда буд» [1, 34-36].

Аз ин маълумоти устод Айнӣ ҳам одати хуби хар бармеояд ва таъкид мешавад ва ҳам ҷанбаи ахлоқии суханони падари ӯ ба фарзандаш барои ҳушёриву зиракӣ зоҳир мегардад. Зеро дар охирсухан нависанда ишорат менамояд, ки ин андешаҳо бунёди содалавҳонаи мардумӣ доранд ва ин мушоҳидаи як тан аз инсонҳои деҳотнишини кӯҳистони тоҷикро нишон медиҳад.

Хулоса, фарҳанг ва адабиёти мардуми тоҷик хусусият, анъана, одат ва унсурҳои хоси худро дорад ва бо дигаргуниҳои анъанавию одатҳо ва ойинҳои мухталиф аз фарҳанги дигар кишварҳои ҷаҳон фарқ мекунад.  Дар бораи аксари ҳайвоноту парандагон, ҳашароту растаниҳо ва дигар мавҷудот дар осори шифоҳӣ андешаву эътиқод ва фарзияҳо гуфта шудаанд. Бахусус, дар бораи таърифу тасвири маркаб қариб дар ҳамаи жанрҳои фолклорӣ маълумот дода мешавад. Алқисса, вожаи «хар» дар ҷомеаи имрӯзаи мо бо тобиши маъноӣ ва корбурд дар байни ҷавонон калимаи серистеъмол низ гардидааст. Чи тавре ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, агар ҷавонон ягон духтари зеборо бубинанд, чунин суханҳоро вирди забон меоранд, ки «ин духтар харай» ё баръакс, дар байни духтарҳо ҳам маъмул шуда, ки мегӯянд: «харшай», «ҳайвонай» ва ғайра. Манзур аз вожаи «хар» дар ин маврид сифатан ва хосиятан мусбат аст, чунки гӯянда мухотабро васфу таъриф кардааст. Барои мисол як намуна меорем, ки ҷавоне ба дӯстдоштааш мегӯяд: «Ма барин домоди хара очат дига намеёва» [18]. Ин тариқ гуфторҳо дар фарҳанги мо, махсусан дар байни халқ, падидаи замони муосир аст ва густариши ин вожагони мардумӣ асосан дар шаҳри Душанбе ва атрофи он ва баъзе аз шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар маъмул гардидааст. Аммо дар бархе аз ноҳияву деҳот истифодаи ин тариқ калимаҳо маъмул нест. Аз иттилои аксари матнҳои шифоҳӣ бармеояд, ки ҳанӯз ҳам назари мардуми мо нисбат ба ҳайвони заҳматкашу кӯмакрасони халқ – хар манфӣ аст. Дар ин хусус мантиқан бояд фикр кард ва пешниҳоди мо ин аст, ки аз рӯи адолат ва раҳму шафқат ба ҳар ҷонвар ғамхорӣ намудан лозим аст.      

КИТОБНОМА

  1. Айнӣ С. Ёддоштҳо. Қисми якум. / С. Айнӣ. − Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1955. –  554 саҳ.
  2.  Афсаҳов А.,  Раҳимов Д.  Хари Даҷҷол /   А. Афсаҳов ва Д. Раҳимов // Донишнома. Ҷ. 2.  – Душанбе: СИЭМТ, 2017. –  521 саҳ.
  3. Рустам Қодир. Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар / Қодири Рустам. – Алматӣ: Дайк-Пресс, 2003. – 218 саҳ.
  4. Фолклори Помир. Ҷилди 2 (асотир, ривоят ва нақлҳо). Мураттиб, муаллифи муқаддима ва тавзеҳот Нисормамад Шакармамадов. –Душанбе: Империал-групп, 2005. − 431 саҳ.
  5. Шерозӣ Саъдӣ. Куллиёт: иборат аз чаҳор ҷилд. Ҷилди 3. / Саъдии Шерозӣ. Мураттиб ва муаллифи сарсухан Саҳобиддин Сиддиқов. – Душанбе: «Адиб», 1990. – 368 саҳ.                   

Рӯйхати гӯяндагон ва феҳрасти Фонди фолклор

  1. Бойгонии муаллиф: 1. Фатҳуллоев С. фолклоршинос, сокини шаҳри Душанбе, 84-сола. 2. Гӯяндаи баъзе  мақолу зарбулмасалҳо Иброҳимова Ҷонбибӣ, 65-сола, сокини деҳаи Вени ноҳияи Панҷакент.
  2. ФФ3: 4357, 1Тз3 Ҳисор, қишлоқи Ҳафттахта. 1958. Раҳматов Ҳ. Гӯянда Каримова Раҳима, 31-сола.
  3. ФФ3: 4047, 3 Тз4 қ, Варзоби Қалъа. 1959. Исроилова Т. Гӯянда: Давлатова Фазилат, 70-сола.
  4. ФФ6: 2427, 1 Тн 10. Ишкошим, 1963. Р. Ширинова. Гӯянда: Саидбеков Абдулло, 44-сола, маълумоташ олӣ, директори мактаби миёна.
  5. ФФ2: 1760,3 КЛБ. Чармгарон 1959, Раҳматов Ҳ, гӯянда: Каримова Ҷаҳоноро, 75-сола.
  6. ФФ3: 4223, 4 Тз4 Варзоб, 1959. Раҳматов Ҳ., Исроилова Т. Гӯянда: Мирзоева Одинамо.
  7.  ФФ8: 7244,1 ТВ5. Мастчоҳи Нав. Оббурдон-1965. Неъматов. Гӯянда: Мираков Боқӣ, 54-сола, биргадир.
  8.  ФФ4: 3620,1 СМР. Кӯчаи Когон 31 / Оби Машҳад /. Шермуҳаммадов Б. гӯянда: Шамсиева Мақсад, 45-сола, чаласавод.
  9.  ФФ4: 4442,1 СМР. Гузари Оби Машҳад. 1956. Ш. Баҳром. Гӯянда: Олимова Додар, 54-сола.
  10.  ФФ2: 8405,4 ДШБ. 1962, аз лента. Муродов Ф ва Неъматов Т. Гӯянда: Замиров Талбӣ, 1913. қишлоқи Дашти Шурои Сари Хосор. Гӯруғлисаро.
  11.  ФФ11: 8826, 2 СМР. 1955, Шермуҳаммадов Б. гӯянда: М. Иматшоев. Аз худаш, зодгоҳаш Помир.
  12.  ФБ2: 9462 6,7 ПНҶ, 1970. Б. Тилавов, гӯянда: Зайниддинов К, хизматчӣ.
  13.  Фейсбук (сомонаи интернетӣ). Гӯянда: Азизҷон Бобоҷонов. Навиштагиранда: Ф. Исмоилов. 22 апрели соли 2019.  

      Тасвири як ҳайвони заҳматқарин дар намунаҳои осори шифоҳӣ

Дар ин мақола саъй шуд, ки андар назари мардум перомуни ҳайвони меҳнаткашу ёрирасони одамон – хар изҳори андеша шавад. Тавре ки маълум аст, дар кишвари мо мардум дар аксари манотиқ ниёз ба кору ёрирасонии ин ҳайвони заҳматкаш доранд. Аммо дар бештари маврид дар осори шифоҳӣ тасвири хар манфӣ арзёбӣ мешавад ва дар бархе аз намунаҳои эҷодиёти мардумӣ ин ҳайвон неку меҳнаткаш бозтоб шудааст. Мо кӯшиш намудем, ки аз намунаҳои осори шифоҳӣ ба мисли рубоиву дубайтиҳо, зарбулмасалу мақолҳо, нақлу ривоят ва латифаҳо ва ҳам бовару шугунҳоро, ки дар онҳо доир ба хар ва хосияту одатҳои он сухан рафтааст, ибрози андеша намоем. Ҳамчунин барои исботи афкор аз осори шоирону нависандагон ҷо – ҷо иқтибос оварда шуд, ки тимсоли ин ҳайвон дар осори хаттӣ низ зикр ёфтааст. Дар ин замина метавон гуфт, ки омӯзишу баррасӣ ва арҷ гузоштан ба меҳнату хосиятҳои ҳар гуна ҷонвар муҳим аст, зеро ҳаёти инсонҳо ба кору пайкори чунин ҷонварон марбут мебошад.

Вожаҳои калидӣ:  Осори шифоҳӣ, тасвири хар, меҳнаткаш, рубоиву дубайтӣ, ривоят, бовар, иқтибос, фарҳанг, адабиёт, таъбири хоб, меҳнат.

Отражение осла, как  трудящегося животного в устном

народном творчестве

      В данной статье  люди призываются задуматься о трудолюбивом и полезном животном. Как известно, людям в нашей стране во многих регионах нужна помощь этого труженика - оставить животного. Однако, в большинстве случаях образ осла в устной традиции представляется негативным, а в некоторых образцах народного творчества это доброе и трудолюбивое животное находит свое положительное отражение. Мы постарались показать примеры из народных рубаи и дубейти, пословиц, поговорок и анекдотов,  где осёл изображён и позитивно и негативно. В подтверждение своей точки зрения налеи цитировались также цитаты из произведений писателей. В этом контексте, можно отметить, что изучение, рассмотрение и оценка труда и качеств любого животного важны, потому что человеческая жизнь во многом зависит от труда  таких животных.

Ключевые слова: устное творчество, образ осла, труженик, рубаи, вера, заимствование, культура, литература, толкование сна, труд.

    The depicion of a hard-working animal in the samples of folklore

In this article, we have tried to state the donkey as a hard-working and helpful animal for the people. As it is known, in our country more and more people need help and work of this diligent animal. However, in most cases the image of donkey is considered to be negative in the oral tradition and in some examples of folklore donkey is viewed as kind and hard-working animal. We have tried to express the examples of folklore such as rubai, proverbs, sayings and anecdotes, as well as beliefs and rumors aboout donkeys and their features and habits. Also, to prove the point, the works of poets and writers were guoted here, and the sample of this animal is mentioned in the written works too. In this context it can be said that the study, consideration and appreciation of the labor and gualities of any animal are important, because human life depends on the work of such animals.

Keywords: Folklore, donkeys image, labor, guatrain, legend, credible, extract, culture, literature, interpretation, labor.

Маълумот дар бораи муаллиф: Фаридун Исмоилов - ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ; тел.: (+992) 93 402 62 44.

Сведения об авторе: Фаридун Исмоилов - научный сотрудник Института языка и литературы им. Рудаки НАНТ; тел.: (+992) 93 402 62 44.

About the author: Faridun Ismoilov – is senior researcher of the Rudaki Institute of Language and Literature, of the Academy of Sciences of Tajikistan: Phone: (+992) 93 402 62 44.


[1] Котаи кулкун- куртаи хоси заноне, ки кўдаки ширхора доранд. Дар манотиќи шимоли Тољикистон ин навъи куртаро пеш аз Инќилоби Октябр мепўшидаанд. Агар ин хел куртаро ягон духтари љавон пўшад, боиси мазоњу масхара ќарор мегирифтааст.

24.09.2021

RU