Мирзоев Сайфиддин Ҷаборович, номзади илми филология, Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ (шаҳри Душанбе)

ТАҲҚИҚ ВА РАМЗКУШОИИ БАРХЕ АЗ ВОЖАҲОИ ҶУҒРОФИИ ВАРЗОБ (ДАР АСОСИ МАВОДИ ЗАБОНҲОИ ШАРҚИИ ЭРОНӢ)

         Омӯзиш ва пажӯҳиши номвожаҳои ҷуғрофӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар забоншиносии муосир ба ҳисоб мераванд, чунки онҳо баёнгари давраҳои гуногуни густариши забон ва фарҳанги ҳар халқу миллат мебошанд. Ба таҳқиқи номҳои ҷуғрофӣ соҳаи махсуси илм-топомика сарукор дорад, ки ин истилоҳ барои баррасии ҳамаи номҳои ҷуғрофӣ ба кор меравад.

         Илми номшиносӣ методҳои махсуси пажӯҳиш ва роҳу воситаҳои муайяни худро доранд, ки барои мутахассисони ин соҳа бисёр муҳим аст. Масалан, шакли номвожаҳо, ҷиҳати типологии онҳо, баромадашон, маънои онҳо, доираи густариши онҳо.

         Номвожаҳои ҷуғрофӣ дар раванди давраҳои дуру дароз маҳфуз мондаанд, ки барои насли имрӯза ва ояндаи мо дар бораи забонҳои аз байнрафта, топографияи қадимаи ин ё он маҳал ва минтақа, сарвати табиӣ он, касбу ҳунарҳои қадима ва тарзи ҷойгиршавии аҳолӣ ва мардуми он маълумот медиҳанд.

         Дар асоси маводи номвожаҳое, ки сарчашмаҳои асри миёнагии араб ва форсу тоҷик ба мушоҳида мерасад, ба чунин натиҷа расидан мумкин аст:

         Қисмати асосии номвожаҳои Мовароуннаҳр дар асрҳои IX-XII суғдӣ, хоразмӣ ва бохтарӣ аз давраи то исломӣ боқӣ мондаанд, ки албатта, пажӯҳишҳои мушаххас ва дақиқро талаб мекунад. Маъулум аст, ки дар он давра коршиносон маводи ин ё он муҳақиқро рӯнавис карда, сарчашмаи онро нишон намедоданд. Бинобар ҳамин, маводи асрҳои IX-XII аз диди нав таҷдиди назар мехоҳанд. Байни забонҳои суғдӣ ва тоҷикӣ вожаҳое мавҷуд аст, ки аз ҷиҳати овозӣ муштарак буда, аз суғдӣ ба тоҷикӣ ва ё аз тоҷикӣ ба суғдӣ иқтибос гардидаанд, муайян кардан душвор аст. Шояд чунин навъи номвожаҳо захираи луғавии ин забонҳо бошад.

         Иллати дигар ин душвории алифбои арабӣ мебошад, чунки садонокҳои кутоҳ дар калимаҳо навишта намешаванд. Инчунин баъзе ҳарфҳое ҳаст, ки ба кадом овоз тааллуқ доштани онҳо аз рӯи нуқтаҳояшон (дар боло ва ё поён, як нуқта ё ду-се нуқта) фаҳмида мешавад. Аз ин ҷиҳат, эҳтимол дар вақти чанд дафъа рӯнавис кардан хоҳ нохоҳ гузоштани нуқтаҳо ё фаромӯш мешавад ва ё ҷойашро дигар мекунанд. Сабаби асосии нофаҳмо шудани бархе аз номвожаҳои ҷуғрофии то давраи исломӣ ҳам шояд дар ҳамин бошад, ки бисёре аз номвожаҳо дар шакли ғалату нодуруст навишта шудаанд.

         Ҳудуди асосии густариши забони суғдӣ дар қадим-водии Зарафшон, Қашқадарё, Уструшана ва қисми Фарғонаву Чоч (Тошканди ҳозира) будаанд. Аз маълумотҳои таърихӣ маълум аст, ки дар аввалҳои эраи мо забони суғдӣ ба Шарқ, яъне аз Суғд ба Панҷрӯд ва водиҳои Туркманистони Чин роҳ ёфта буд. Аз ин рӯ, суғдиён дар он ҷо қофилаҳои бозоргоние бо номи «Роҳи бузурги Абрешим» таъсис дода буданд. Ин роҳ қисми шарқии баҳри Миёназаминро бо Чин пайваст мекард. Дар асрҳои IV-X дар ин гуна ҳудуди бузург густариш ёфтани забони суғдӣ ба пайдоиши гӯйиши зиёди он мусоидат кард. Яке аз муҳимтарин ва асосии забони суғдӣ ин гӯйиши Самарқанд буд. Ин гӯйиш ба забони хаттии суғдӣ асос ёфта, дар муддати чанд садсола забони асосии адабиёт, илм, дин, санъат ва савдои ҷаҳонӣ дар Осиёи Миёна ва Марказӣ гардиааст.

         Дар давраи ташаккул ёфтани забони тоҷикӣ дар асрҳои IX-X бештари аҳолии шаҳрҳои Осиёи Миёна ба забони тоҷикӣ гузашта, Самарқанду Бухоро маркази муҳимтарин рушду инкишофи хат ва адабиёт гардида буданд. Бо вуҷуди ин забони суғдӣ дар бештари деҳаҳои гирду атрофи Самарқанду Бухоро ва кӯҳистонҳо боқӣ монда, онро ба пуррагӣ маҳв карда натавонистанд. Масалан, тибқи ахбори географи араб ал-Муқаддасӣ, ҳанӯз дар асри      X дар деҳаҳои Бухоро бо забони суғдӣ гуфтугӯ мегардаанд.

         Дар мавзеъҳои кӯҳии болооби Зарафшон забони суғдӣ тахминан то асрҳои XII- XIV маҳфуз монда будааст.

         Раванди танг карда баровардани забони суғдӣ асрҳои дароз боқӣ монда, пурра амалӣ нашуд ва мисоли равшани он забони яғнобии муосир мебошад.

         Ҳамчунин номвожаҳои (топонимяҳои) суғдӣ дар мавзеъҳои болооби Зарафшон ва Варзоб то ҳол маҳфуз мондаанд, ки бархе аз онҳоро мавриди таҳлил ва пажӯҳиш қарор медиҳем. Бисёр номвожаҳои ҷуғрофии водии Зарафшон, Варзобу Ромит қадимӣ, ба вижа суғдӣ буда, то ҳол асолати бунёдии худро нигоҳ доштаанд, ки маънои онҳоро тавассути забони яғнобӣ метавон пайдо ва муайян кард.

         Дар ин мақола чанд номвожаи ҷуғрофии ноҳияи Варзоб таҳлил ва таҳқиқ мешаванд, ки аз нуқтаи назари овозӣ ва хусусиятҳои вожасозӣ топонимҳои суғдӣ мебошанд. Аз ҷумла худи номвожаи Варзоб бунёди куҳан дошта, аз ҷиҳати сохт мураккаб мебошад, ки аз ду ҷузъи мустақилмаънои суғдӣ таркиб ёфтааст. Ҷузъи аввал warz буда, дар забони суғдӣ ба ду маъно ба кор мерафтааст: 1) баландӣ, боло; 2) муъҷиза, афсун, сеҳр.

         Дар матнҳои суғдӣ дар шакли wrzp[warz-āp]омадааст, ки «варзидани об аз боло (баландӣ) ба поён» мебошад. Вожаи warz «боло, аз боло, баландӣ» буда, бидуни тағйирот дар забони тоҷикӣ истифода мешавад. Ҷузъи дуюми ин номвожа āp бошад, айнан дар ҳамин шакл дар забони яғнобӣ маҳфуз мондааст. Аммо дар забони тоҷикӣ ин калима ба тағйироти фонетикӣ талаффуз мешавад, яъне ҳамсадои ҷарангдор ва лабулабии «p» (n) бо ҳамсадои беҷаранги лабулабии b (б) табдил ёфта, ба гунаи āb (об) маъмул гаштааст.

         Вожаи «об», ки дар бисёре аз номвожаҳои ҷуғрофии кишварамон ба мушоҳида мерасад, бунёди қадима дорад ва дар баъзе забонҳои эронӣ ба тағйироти фонетикӣ ва дар бархе аз онҳо бетағйирот истифода мешавад. Масалан, дар забонҳои қадимаи давраи аввал, дар авестоӣ ба сурати ap-,āp ва форсии бостон низ дар ҳамин шакл ap-,āp ба кор мерафтааст. Дар давраи дуюм, яъне давраи миёна дар форсии миёна шакли āp боқӣ монд, вале дар форсии миёнаи турфонӣ овози лабулабии «p» ба овози дулабии «б» таҳаввул ёфтааст: форсии миёнаи турфонӣ  ҆p,’’p [āb]; портӣ p,’’p [āb];  суғдӣ ’’p [āp];, ки дар забони яғнобӣ ин шакл маҳфуз мондааст [11, 3].

         Маънои дигари warz, ки дар матнҳои суғдӣ ба мушоҳида мерасад, ин «муъҷиза, афсун, сеҳр» аст. Чунончӣ дар Фарҳанги суғдӣ айнан дар ҳамин шакл wrz [warz] ва маъно омадааст [9, 10194], ки ин хусусият низ ба дараи Варзоб мувофиқат мекунад. Дар ҳақиқат дараи Варзоб дорои дарачаҳои зебову сеҳрнок буда, дорои чашмаву рӯдчаҳои муъҷизанок ва шифобахш, мисли оби гарму шифобахши Хоҷа Обигарм, оби маъдании Хоҷаи Сангхок, оби зулолу шаффофи дарёчаи Сиёма, ҳамчунин гиёҳу растаниҳои шифобахш ва конҳои маъдани зеризаминӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат, гуфтан мумкин аст, ки хусусиятҳои физикӣ-ҷуғрофии дараи Варзоб ва дарёи он ба худи ин номвожа ва маъноҳои он пурра мувофиқат мекунад.

         Аз мутолиаи матнҳои суғдӣ маълум мегардад, ки бо вожаи warz калимаҳои мураккаби зиёде, ба ҷуз аз warz-āb низ мавҷуд буда, бо қолаби махсуси вожасозии забони суғдӣ сохта шудаанд. Вожаи warz ҳам дар ҷузъи аввали калимаҳои мураккаб ва ҳам дар ҷузъи дуюм омада, силсилавожаҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки барои тақвияти андешаҳои худ метавон ҳамчун намуна бархе аз онҳоро нишон дод: warzkr̓k [warz-karē] «муъҷизагар, шигифтовар» [9,10195]; warzkry’ [warz-karyā] «эъҷоз, афсунгарӣ» [9,10196]; wrz krz [warz-karz, warz-karč]—wrzwnkrč, kržwrz «эъҷоз, шигифтӣ» [9,10197]; wrzwnkrč [warzūn-karūč] «афсунгар» [9,10200]; kržwrz [karž-warz] «муъҷиза» [9,4899] ва монанди инҳо. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки warz дар забони суғдӣ вожаи маълум ва пурмаҳсул буда, дар сохтани калимаҳои мураккаб нақши муҳим доштааст ва маънои онҳо ба муъҷизаҳои табиат, касбу кор алоқаманд карда шудаанд. Ин маъноҳо ба табиати сеҳрангезу дилфиреби Варзоб бе чуну чаро пайвасти ногусастанӣ дорад.

         Ҳамин факту далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки густариш ва ё паҳншавии забони суғдӣ дар гузашта домани фарох доштааст. Чунончӣ, байни деҳаҳои Варзоб номҳои ғайри тоҷикӣ ба мушоҳида мерасанд, ки баромади онҳо ба забонҳои шарқии эронӣ, бавижа ба суғдӣ-яғнобӣ марбутанд: Беғар, Пуғус / Пуғуз, Зоғар, Ғусғарф, Пичандар, Гароб (шакли таҳаввулёфта аз Ғароп: ғар «кӯҳ», оп «об») ва ғайраҳо.

         Беғар. Ин номвожаи ҷуғрофӣ мутааллиқ ба яке аз деҳаҳои ноҳияи Варзоб аст, ки он аз тарафи рости дарёи Варзоб ҷойгир шудааст. Ин ном аз рӯйи сохт сохта буда, аз ду ҷузъ be ва γar таркиб ёфтааст. Вожаи γar, яъне ҷузъи дуюм решаи калима буда, маънои «кӯҳ»-ро дорад, ки дар матнҳои суғдӣ дар ҳамин шаклу маъно омадааст: γr [γar] аз форсии бостон gari [9, 4168; 3,419].  Вожаи γar дар забони яғнобии муосир дар ҳамин шакл маҳфуз монда, танҳо ба маънои «кӯҳ» маълум аст.    

         Вожаи γar дар забонҳои қадимаи эронӣ, аз ҷумла авестоӣ ба сурати gairi, хутанӣ-сакоӣ ба гунаи ggari ва афғонӣ (манзур пашту) γar [1, 256] ба маънои «кӯҳ» ба кор мерафта ва меравад, ки сарчашмаи калимаи гора-и русӣ низ аз ин ҷо маншаъ гирифтааст. Масалан, дар ҶИА кӯҳе бо номи Спинғар мавҷуд аст, ки маънои «кӯҳи мармарин, кӯҳи дорои мармари сафед» [4, 95].

         Ҷузъи аввал be -префекс мебошад, ки дар аввали исмҳо омада, ба онҳо шаклу маънои сифатӣ ва инкорӣ медиҳад. Ин хусусиятҳои грамматикии пешванди be буда, дар номвожаи ҷуғрофии Beγar низ ҳамин вазифаро ба ҷо овардааст. Дар маҷмӯъ номвожаи Beγar дорои маънои «бе кӯҳ; мавзеест, ки кӯҳ надорад» мебошад. Дар ҳақиқат мавзеи ҷуғрофии деҳа ба номаш сад дар сад аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ мувофиқат мекунад. Деҳа дар бағали теппа ва теппачаҳои бекӯҳ қарор дорад. Албатта, баъзе шахсони аз таърихи илми забоншиносӣ бехабар ва ноогоҳ ба ин номвожаи ҷуғрофӣ этимологияи эҳтимолӣ (ғайриилмӣ) дода, мардум ва аҳли илмро ба гумроҳӣ ҳидоят мекунанд, ки ин амр амри судманд нест.

         Ғусғарф. Ин номвожа низ яке аз деҳаҳои  ноҳияи Варзоб мебошад. Вожаи γusγarf аз нигоҳи сохт мураккаб буда, он аз ду ҷузъи мустақилмаъно γus/γuz ва γarf таркиб ёфтааст. Ҳарду ҷузъи номвожаи мавриди андеша бунёди куҳан (қадима) доранд ва дар баъзе номҳои ҷуғрофӣ (топоним ва микротопонимҳо) мақоми худро то имрӯз нигоҳ доштаанд. Бесабаб намегӯянд, ки: «Шаҳрҳо хароб гардиданд, давлатҳо барҳам хӯрданд, забонҳо  ва худи халқҳо аз байн рафтанд, аммо номҳо боқӣ монданд…» [6, 5].

         Номвожаи ҷуғрофии Ғусғарф ҳам аз он номҳоест, ки таърихи чандинҳазорсола дорад ва дар шакли қадимаи худ маҳфуз мондааст. Бо сабаби умри тӯлонии чандҳазорсола доштанаш маънои онро мардум аз ёдҳо фаромӯш кардаанд. Бо вуҷуди ин, вожаҳои γus ва γarf дар матнҳои суғдӣ ба кор рафтаанд, ки метавон маънояшонро дарёфт. Чунончи агар маънои γus, ки шакли дигари он γuz аст, «чормағз» бошад, γarf маънои «бисёр, зиёд»-ро дорад. Дар «Фарҳанги суғдӣ» вожаи γarf айнан, бидуни тағйирот дар ҳамин шакл ва маъно омадааст, ки дар бештари матнҳои  суғдӣ ба мушоҳида мерасад: γrβ [γarf]  эронии шарқӣ <* γa(r)-fu <* γarfu <* γaruwu <*faru wam <ф.б. paruvam [9, 4204]. Масалан, шоҳиде барои вожаи γarf аз достони суғдии «Рустам»: γarf piδt ǝti kāst anvažand-skun.-«Бисёр филҳо ва хукҳо ҷамъ мешаванд». Ё ин ки γarf āp «бисёр об, оби бисёр»; γarf raxšǝnyāk  «бисёр равшанӣ, равшании зиёд» ва ғ.

         Ба ҳамин минвол, номвожаи ҷуғрофии Ғусғарфро метавон чунин маънӣ кард: «чормағззор, ҷое, ки чормағзи фаровон (бисёр) дорад».

         Ҳамчунин вожаи γuz ё γus ба ғайр аз забони суғдӣ дар бархе аз забонҳои форсии миёна, бо тафовутҳои фонетикӣ аз ҷумла форсии миёна ба сурати gōz ва хоразмӣ ба гунаи γuz ба кор мерафтааст. Вожаи мавриди андеша на танҳо дар забонҳои қадимаи аз байнрафта ё ба истилоҳи дигар мурда, дар баъзе забонҳои шарқии эронӣ низ то ҳол маҳфуз мондааст, ки байни онҳо танҳо фарқиятҳои фонетикӣ мавҷуд аст. Масалан, дар забонҳои шуғнонӣ γuz, язғуломӣ γǝz, сариқулӣ γƹwz ва дар забони пашту дар се шакл γūz, ūγz, γwoz мустаъмал мебошад. Ин вожа дар бархе аз гӯйишҳои форсии Эрон низ маъмул аст.  Чунончи, дар гӯйиши мозандаронӣ дар шаклҳои aγuz, āγūz таҳаввул ёфтааст. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки вожаи γuz шакли бунёдии худро бидуни тағйирот дар забонҳои шуғнонӣ ва пашту нигоҳ доштааст, ки ба ҷузъи топоформантҳои Яккачузғуз, Пуғуз/Пуғус, Ғузғарф/Ғусғарф-и деҳаҳои Варзоб пурра мувофиқат мекунад. Топоформанти γuz ё γus метавонад ҳам дар ҷузъи аввал ва ҳам дар ҷузъи дуюми номвожаҳои ҷуғрофӣ пайваст гардида, макони фаровон будани чормағзро ифода намояд.

         Дар мавриди табдили овози (ҳамссадои) д (г) ба ҳамсадои γ(ғ), ки чормағз дар забони форсии миёна дар шакли gōz ба кор рафта, дар забонҳои шарқии эронӣ ба сурати γuz таҳаввул ёфтааст. Сабаб дар он аст, ки байни забонҳои ғарбӣ ва шарқии эронӣ баъзе хусусиятҳои фарқкунандаи фонетикӣ ва луғавӣ ба мушоҳида мерасад. Яъне овози *g(г)-и эронии бостон дар оғози (аввали вожаҳо) дар бештари забонҳои шарқии эронӣ ба овози γ (ғ)  ва ž (ж) таҳаввул ёфта, дар забонҳои ғарбӣ боқӣ мондааст, ки ин калима низ аз ин вижагӣ истисно нест.  Чун забони форсии миёна мутааллиқ ба гурӯҳи ғарбии забонҳои эронӣ аст, аз ин ҷиҳат овози g(г) боқӣ монда, дар забонҳои шарқии эронӣ, дар мисоли суғдӣ, хоразмии давраи миёна ва шуғнонӣ, язғуломӣ, сариқулӣ, пашту ба овози γ (ғ) табдил ёфтааст, ки ин хусусият дар бархе аз номвожаҳои ҷуғрофӣ нигоҳ дошта шудааст.

         Дар масъалаи топонимҳо Р.Додихудоев таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, андешаи худро чунин баён кардааст, ки маҳз ба номҳои қадимаи мавриди пажӯҳиш алоқаманд мебошад: «Номҳои ҷуғрофӣ ҳамчун ҷузъи устувору камтағйирпазири воҳидҳои забонии минтақаҳои гуногун нисбат ба забони зинда дар худ марҳалаҳои гуногуни рушду инкишофи забонҳои бостониро таҷассум менамоянд [2, 3].

         Пуғус. Номвожаи puγus, ки шакли дигари он дар талаффузи мардум puγuz мебошад, вожаи қадимаи суғдӣ буда, аз ҷиҳати сохт сохта аст ва аз пешванди pu ва калимаи γus // γuz таркиб ёфтааст. Пешванди pu ҳамчун префикс дар матнҳои суғдӣ ба кор рафта, имрӯз ҳам дар забони яғнобӣ истифода мешавад, ки М.С.Андреев ва Е.М.Пещерева дар қисмати луғатномаи китоби худ, ин префиксро чунин тавзеҳ додаанд: pй (тен.говор) без (предлог с прям. п. употр. редко; согд. pw, pw, хорезм. ра): pй asp piraxtax.-«Он остался без лошади» [1, 309].

         Дар Фарҳанги забони суғдӣ pй ба ду маъно омадааст, ки яке префикс ва маънои дигар бисёр, зиёд мебошад:

pw 1 [pй]—pww * pref. adv. of. negation.-pw «бидуни, бе» [9, 8132, 1363]; pw 2 [pй] *  ира «бештар ба илова» [9, 8133] омадааст, ки ба номвожаи puγus // puγuz маънои дуюм мансуб мебошад. Ҳамчунин вожаи суғдии pu шакли ихтисоршудаи офтобрӯ ва γus // γuz , ки маънои «чормағз»-ро дорад, дар маҷмуъ мафҳуми пурраи puγus // z «чормағззор, серчормағз; чормағззоре, ки дар офтобрӯ қарор дорад, чормағззори офтобрӯ», яъне мавзеи чормағззори тарафи офтобрӯ мебошад.

         Ғажне/и. Ин номвожаи ҷуғрофӣ ҳам марбут ба яке аз деҳаҳои ноҳияи Варзоб мебошад. Вожаи номбурда аз ҷиҳати баромад суғдӣ буда, аз рӯйи сохт сода аст. Дар давраи аввал ва дуюм номвожаи мавриди таҳқиқ дар матнҳои суғдӣ ба гунаҳои γž, γ̓ž [γanž] ба мушоҳида мерасад. Дар давраи ташаккулёбии давраи сеюми забон дар натиҷаи ҷойивазшавии овозҳо вожаи γanže  ба сурати γažne таҳаввул ёфтаст, ки ин ба шакли талаффузи  тоҷикӣ мувофиқ кунонида шудааст. Ҳамин тавр, маънои номвожаи ҷуғрофии Ғажне «макони ганҷдор, мавзеи пурганҷ, хазина, ганҷина, ганҷхона, ганҷурхона» мебошад.  Дар ҳақиқат ин деҳа дар давраҳои гузашта (қадим) дорои чунин хусусиятҳо будааст. Яъне дар замонҳои қадим мардуме, ки дар канори соҳили дарёи Варзоб сукунат мекарданд, аз рӯдхоначаи Ғажне регмайдаҳои соҳилро полида зар мегирифтаанд. Аз ин ҷиҳат, пайдоиши ин номвожа шояд аз он давра сарчашма гирифта бошад, ки то ба имрӯз байни мардуми ин диёр маъруфият дорад ва шакли бунёдии худро нигоҳ доштааст.

         Хулоса, як қисми муҳим ва куҳани номвожаҳои ҷуғрофии Варзобро топонимҳои шарқиэронӣ (субстратӣ) ташкил медиҳанд, ки теъдоди ин навъи номҳо зиёданд. Ба чунин бахши топоним ва микротопонимҳо, номҳоеро дохил кардан мумкин аст, ки маънои онҳоро танҳо дар асоси маводи забонҳои шарқӣ эронӣ, бавижа суғдӣ, яғнобӣ ва гурӯҳи забонҳои помирӣ муайян ва шарҳу эзоҳ додан имконпазир мегардад.

         Ҳамин тавр, бархе аз номвожаҳои ҷуғрофии Варзоб аз ҷиҳати сохтор, этимология, семантика ва ташаккулу таҳаввули давраҳои забон бисёр муҳиму ҷолиб буда, пажӯҳиши онҳо аҳамияти амалӣ ва назариявӣ дорад. Яке аз хусусиятҳои номвожаҳои ҷуғрофии Варзоб дар он мебошад, ки онҳо бо топонимҳои водии Зарафшон, махсусан ноҳияҳои Панҷикант, Айнӣ, Мастчоҳ ва Яғноб, инчунин Ромит, Рашт ва Вилояти Кӯҳистони Бадахшон умумият доранд.

Адабиёт:

  1. Андреев М.С. Ягнобские тексты с приложением ягнобско-русского словаря / М.С. Андреев, Е.М. Пещерева. - Москва-Ленинград: Издательство Академии наук СССР, 1957.-256 с.
  2. Додихудов Р.Х. Помирская микротопонимия. Материалы и исследования / Р.Х. Додихудов. – Душанбе: «Дониш», 1975.-165 с.
  3. Лившиц В.А. Согдийский язык / Лившиц В.А., Хромов А.Л.  Основы иранского языкознания, Т.2.-М.: Наука.-1981.- С. 345-514.
  4. Маҳмадҷонов О. Таҳқиқи таърихӣ-забоншиносии топонимҳои водии Ҳисори Тоҷикистон: дис. д-ра фил. наук / О. Маҳмадҷонов.-Душанбе, 2010.-346 с.
  5. Мирзозода С. Фарҳанги яғнобӣ-тоҷикӣ / С. Мирзозода.-Душанбе: Анҷумани Деваштич, 2008.-279 с.
  6. Никонов В.А. Славянский топонимический тип // Географические названия. Вопросы географии.-М., 1962.-№58.-С. 17-33.
  7. Хромов А.Л. Историко лингвистические исследования Ягноба и Верхнего Зеравшана: дис. д-ра фил. наук 10.02.22 / А.Л. Хромов. – Душанбе, 1970. – 414 с.
  8. Хромов А.Л. Ягнобский язык / А.Л. Хромов. - М.: Наука.-1972. – 206 с.
  9. Gharib B. Sogdian-Persian-English Dictionary / B.Gharib.-Tehran: Farhangan.-1995.-p. 473.
  10.  Mirzozoda S. Farhangi yaγnobi-tojiki-anglisi/S. Mirzozoda.-Душанбе: Деваштич, 2008.-435 с.
  11. Mohammad Hassan-doust. A Comparative-Thematic Dictionary of the New Iranian Languages and Dialects. Vol. 1. Tehran, Farhangistoni zabon va adabi forsi.-1379.-584 p.

 

Аннотатсия

Таҳқиқ ва рамзкушоии бархе аз номвожаҳои ҷуғрофии Варзоб

Сайфиддин Мирзоев

        Омӯзиш ва таҳқиқи топонимҳо яке аз масъалаҳои муҳим буда, онҳо баёнгари давраҳои гуногуни густариши забон мебошанд. Бештари номвожаҳои ҷуғрофӣ дар раванди давраҳои дуру дароз, махсусан дар минтақаҳои кӯҳистон ҳифз гардидаанд, ки барои насли имрӯза ва ояндаи мо дар бораи забонҳои аз байнрафтаамон маълумот медиҳанд.

         Дар ин мақола чанд номвожаи ҷуғрофии деҳаҳои ноҳияи Варзоб мавриди таҳлил ва пажӯҳиш қарор дода шудааст, ки аз нуқтаи назари овозӣ ва хусусиятҳои калимасозӣ мутааллиқ ба забони суғдӣ мебошанд.

         Як қисми муҳим ва куҳани топонимҳои Варзобро номҳои шарқиэронӣ (субстратӣ) ташкил медиҳанд. Ба ин қисмати топонимҳо номи деҳаҳоеро дохил кардан мумкин аст, ки маънои онҳоро танҳо дар асоси маводи забонҳои шарқӣ эронӣ, махсусан яғнобӣ ва гурӯҳи забонҳои помирӣ муайян ва шарҳу эзоҳ додан имконпазир мегардад.

         Яке аз хусусиятҳои муҳим ва асосии баъзе номвожаҳои ҷуғрофии Варзоб дар он аст, ки онҳо бештар бо топонимҳои водии Зарафшон, махсусан болооби он, Яғноб, инчунин Ромит, Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон умумият доранд.

 

Калидвожаҳо: номҳои ҷуғрофӣ (топонимика), забони суғдӣ, тоҷикӣ, яғнобӣ, калимасозӣ, Варзоб, Беғар, Ғусғарф/Ғузғарф, Пуғуз // Пуғус, Ғажне, забонҳои шарқӣ эронӣ, забонҳои помирӣ.Аннотация

Исследованиее и расшифровка  некоторых географических топонимических названий Варзоба.

Исследованиее и расшифровка  является одним из актуальных вопросов науки, потому, что они дают информацию о языке в различных периодах его развитии. Большинство топонимы  в течение долгого периода сохраняются в  горных местностях. Они дают  молодым и бедующим поколениям сведения  об исчезающих языков, которые  по фонетическим и семантическим особенностям восходят к Согдийскому языку.

       Одну часть данной топонимики составляют топонимы, которые относиться к восточно-иранским языкам и субстратом. К данной группе можно отнести название  некоторых селений, значения и происхождения исключительно можно установить только на материале восточно-иранских языков, в частности согдийского, ягнобского и памирских языков.

          Одна из отличительная черта и особенности топонимики  Варзоба является то, что они больше имеют общее происхождения с топонимами  Зарафшана, верховья Ягноба, а также с Ромитом, Раштом и ВМБК.

Ключевые слова: Топонимы, топонимика, согдийский язык, таджикский, ягнобский, словосочетание,  Варзоб, Бегам, Ғусгарф, Ғузгарф, Пугуз // Пугус, Гажне, восточно-иранские языки, памирские языки.

Abstract

Research and decoding of some of the place names in the geography of Varzob

Learning and researching toponyms are one of the most important issues, they define the various stages within the development of a language. Most geographical place names are from a period long ago, especially in mountain regions they had been preserved, for the present and future generations, we continue to provide information to keep the languages from disappearing.

In this article, decisions in the process of analysis are shown to have been made for several geographical place names of the villages of Varzob district, from the point of view of the voice and the features of construction of words from the Sogdian language.

One of the important pieces of the toponomy of the Varzob is that it is organized in relation to the substrate of the Eastern Iranian languages. Within the sections of the toponomy the name of the villages can be included, which means only in the basis of the Iranian language, especially of the Yaghnobi and the group of known Pamir languages ​​is the toponomy defined and commented on.

One of the key and important features of the geographical place names of Varzob is the fact that they are more synonymous with the toponomy of the Zaravshan valley, especially at the end of the valley, they are in common with Yaghnob, as well as Romit, Rasht and the Murgab Region Gorno-Badakhshan Autonomous Region.

Keywords: geographical names, toponyms, Sogdian language, Tajik, Yaghnobi, word construction, Varzob, Begar, Ghusgharf /Ghuzgharf, Pughuz/Pughus, Gadzne, languages of Eastern Iranian, Pamir languages.

24.09.2021

RU