Конфронсия бахшида ба Рўзи Модар

Дар санаи 04.03.2022 дар њамбастї бо шўрои занон ва шўрои олимони љавони Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АМИТ бахшида ба Рӯзи Модар конфронси илмӣ таҳти унвони “Нақши бонувон дар инкишофи илми суханшиносии тољик” баргузор гардид, ки дар он суханҳои табрикотї, маърӯзаҳои илмӣ ва қироъати шеъру суруд аз тарафи кормандони пажӯҳишгоҳ ба саҳми шунавандагон расонида шуданд. Мувофиқи барнома сухани табрикотии нахуст аз тарафи директори Институт муҳтарам Боймурод Шарифзода гуфта шуда, сипас суханронии мудири шуъбаи забон Сайфиддин Мирзозода бо унвони “Мақоми зан дар илми забоншиносии тољик” шунида шуд. Маърузаи дигар аз тарафи ходими илмии шуъбаи фолклор Фаридун Исмоилов “Саҳми бонувон дар љамъоварӣ ва пажӯҳиши осори шифоҳии мардуми тољик” хонда шуд, ки дар он аз бонувони фидоии илми фолклоршиносии тољик ёдоварї шуд.

Гузориши дигар аз љониби ходими илмии шуъбаи таърихи адабиёт Гулбаҳор Усмонова “Таљассуми симои зан модар дар ашъори Мирзо Турсунзода” ва магистри соли дуюми институт Дилафрўзи Ҳасан “Таҳлили сохториву маъноии созҳои мусиқии торӣ дар осори манзуми Абдурраҳмони Љомӣ” шунида шуд, ки ба ширкаткунандагон писанд омад.

Дар бахши қироати шеъру суруд шоири халқии Тољикистон Аскар Ҳаким, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тољикистон Мирзо Ҳасани Султон, ходимони илмии институт Рустами Аљамӣ ва Бурҳониддини Бузургмеҳр дар васфи зан модар, тавъам будани зан бо фасли зебои баҳор ва хидматҳои шоистаи модарон ғазалу тарона, рубоиву дубайтӣ қироъат карда шуд, ки рӯҳияи бонувон болида гардид. Дар он маҳфил шахсияти фарҳангдӯст, машшоқ ва овозхони моҳир Убайдулло Акрамзода иштирок дошт, ки бо сурудани чанд ғазал дар бораи модар маҳфилро гарму хотирмон сохт.

Дар охир аз тарафи маъмурияти иститут ба бонувон туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

 

 

Undefined