Баррасии ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакдори хилофӣ дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқии Тоҷикистон

Шарипова Мастона Баҳриддиновна

Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ ҶТ

Дар забони адабии тоҷик ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайваст ба воситаи пайвандакҳои аммо, вале, лекин, валекин, балки, вагарна, ҳол он ки, бошад, набошад пайваст мешаванд. Ҷумлаҳои мураккаби  шеваи ҷанубӣ ва ҷануби шарқии Тоҷикистон бо ҳамин роҳ ба ҳам алоқаманд мешаванд. Аммо пайвандакҳое, ки дар гуфтори мардуми ин лаҳҷаҳо истифода мешаванд, аз ҷиҳати миқдор ва тарзи баён аз пайвандакҳои забони адабӣ фарқ мекунанд, масалан: -ъ//-у неки // неке, у//ъ воре//wore ки  аммо, wоrе wоrе ки, воре, лекин // локин, анде, анде ки, ала, ҳо. Ин пайвандакҳо асосан хоси нутқи гуфтугӯии лаҳҷаҳои ҷануби шарқӣ буда, дар шеваҳои дигари забони тоҷикӣ, хусусан лаҳҷаҳои ҷанубӣ, низ вомехӯранд. Муносибати хилофӣ дар ҷумлаҳое ифода мешавад, ки ҷумлаи дуюм бар хилофи маълумоти ҷумлаи якум амалу ҳодисаеро ифода мекунад, ки воқеъ нагардидааст. Ин муносибат натанҳо ба пайвандакҳо, балки ба феълҳо, хабари ҷузъҳо, рӯ ба рӯ омадани мазмуни воқеии ҷумлаҳо ва оҳанги ифодаи онҳо низ вобаста аст. Як гурӯҳ ҷумлаҳои мураккаби пайвасти дорои муносибати хилофӣ бо пайвандаки у//ъ алоқаманд мешаванд.

Воситаҳои дигаре, ки дар ифодаи муносибати маънои хилофӣ ба пайвандак кӯмак мекунанд, аз инҳо иборатанд:

1. Хабари ҷумлаи якум дар шакли инкорӣ ва хабари ҷумлаи дуюм

дар шакли тасдиқӣ ифода мешавад:

Пълъш-да- йам гап не-ъ вай гаштарако чӣ кад? Ӯ замун-да пошшозамун набъда-йу ҳокимзамун бъдай [9, 11].

2. Хабари ҷумлаи якум дар шакли тасдиқӣ ва хабари ҷумлаи дуюм дар шакли инкории феъл воқеъ мегардад: Каҳдони каҳ-ра гусола мехъра -ву нуни дастархона гулак [10,143]. Мактаб бъд-ъ нахундем [9,11].

3. Хабари ҳарду ҷумла дар шакли тасдиқии замони гузашта ё ҳозира-ояндаи сиғаи хабарии феъл ифода мешавад. Дар ин ҷумлаҳо дар ҷузъи якум воқеае ё далеле тасдиқ карда мешавад: Мо бачаги-да бъсёр медунистем-ъ ҳама-ш гум шъда рафтай-да. Йа мълки аждаҳор бъд-ъ бесоҳиб мунд. Картушка мешава-йъ ов кам-ай [9, 12].

Пайвандаки -ъ//-у. Дар сурати бо пайвандаки у//ъ пайваст гардидани ҷумлаҳои мураккаби пайвасти хилофӣ пас аз он пайвандакҳои холис ва хилофӣ низ меоянд. Ин ҳодиса хоси нутқи гуфтӯгуии шеваи ҷанубӣ аст, дар шеваҳои дигари забони тоҷикӣ ҳам маъмул буда, дар забони ҳозираи тоҷикӣ ва осори адабиёти муосир низ ба мушоҳида мерасад:

Ҳамчу давлат шоире гум кардан осон асту лек,

Ҳамчу шуҳрат шоире дарёфтан бас мушкил аст [9, 12].

Тарзи мазкур дар шеваи ҷанубӣ чун як ҳодисаи маъмул зиёд ба назар мерасад. Паҳлуи  ҳам омадани пайвандаки ъ//у ва пайвандакҳои хилофӣ ба таъкидан  ифода намудани муносибати хилофии байни ҷузъҳо алоқаманд аст. Дар шеваи мавриди назар пайвандаки ъ//у бо пайвандакҳои зиёди хилофӣ барои ифодаи як маънои грамматикӣ, вале бо тобишҳои гуногуни услубӣ истифода мешавад.

Пайвандаки -ъ//-у, неки//неке. Ин пайвандакҳо хусусияти грамматикию услубӣ дошта, барои возеҳтар ифода ёфтани маънои хилофӣ, талқини муносибати субъективонаи гӯянда ба фикри гуфташуда ва воқеияти баёнгардида истифода мешавад. Сухангӯ ба ин васила далелҳои дар ҷумла зикршавандаро тасдиқ мекунад, бо ёрии ҷумлаи дуюм таассуф, хоҳиш, эътирозу ҳаяҷони худро баён месозад. Барои барҷаста зоҳир шудани чунин ҳолатҳо оҳанги махсуси пурҳаяҷон ва эҳтиромомези сухани гӯянда низ кумак мекунад: Гандъмора ҷам кара бим, неки мърғо титшу каран. Авқота баршувъ неке косаـра бъгардун биёр. Зъмистуни имсола хънъки бад ума, неки товистун-ъш гарм би(Сағирдашт).

Баъзан ҷузъҳо моҳияти қиёсӣ пайдо мекунанд ва маҳз ба хотири якҷо омадани пайвандакҳо ва кашиш ёфтани талаффузи пайвандаки якум муқоиса саҳеҳтар мегардад: У дъхтаръш ни дуно бӣ, неки у воре наби. Да Кулов ғиҷҷаки бъсйор бъд-у неке у вори набъд [9, 13].

Пайвандаки -у//-ъ, воре// wоrе. Гоҳо пайвандаки у//ъ бо пайвандаки хоси шева воре\\wоrе ҳампаҳлу меояд ва онҳо дар ин маврид ҳарду як маънои хилофиро ифода мекунанд, вале ин ҳодиса чандон серистеъмол нест: Умаҳанъш хуб-ай воре раҳ-да азоб кашаме. Ай кор-ош мевомъ wоrе ай гапош не (Дарвоз): Мън вом-а хаваргири-ш рафта бъдъм, воре дъхтр-ъш бурдан [10, 107].

Пайвандаки неки // неке. Пайвандаки неки дар шеваи ҷануби шарқӣ дар ташаккули ҷумлаҳои мураккаби пайваст ба гурӯҳи пайвандакҳои серистеъмол дохил мешавад. Ин пайвандак асосан барои алоқаманд намудани ҷумлаҳои мураккаб хизмат мекунад, ки дар байни онҳо муносибати хилофӣ ҳукмрон аст.

 Дар грамматикаи забони тоҷикӣ ин пайвандак дар шакли аммо, вале, лекин омада, ҳангоми ифодаи муносибатҳои хилофӣ ва муқобилгузории амалу ҳолат, воқеаю ҳодисаҳо истифода мешавад. Пайвандакҳои аммо, лекин дар услубҳои китобӣ ва гуфтугӯ баробар кор фармуда мешаванд, аммо пайвандаки вале то андозае хусусияти китобӣ дорад. Дар шева ин пайвандакҳо варианти воре, неки доранд. Хусусиятҳои асосии ин пайвандакро метавон чунин тавзеҳ дод:

  1. Пайвандаки неки ҷумлаҳоеро бо ҳам алоқаманд менамояд, ки байни ҷузъҳои онҳо муносибати қиёсӣ ва муқобила мавҷуд аст: Аму ҳаврат (зан) орда бадар мекъна, мехела, неки дар дегдун хъшрӯ бандида натунаме (Дарвоз). Кор мекънъм-у неке касалъм, ки мегира, меғалтъм, ай вахти бачаг-и-ма [10,104].

2. Яке аз аъзои ҷумлаҳо, ки бо исму ҷонишин ва ё зарф ифода гардидааст, бо ҳам муқобил гузошта мешавад: Мън ни бадрӯ набъдъм, неки инами зиндагӣ афгоръм караст. Мън умадани набъдъм, неки бъргат ҳиҷатъм кад. Бад охирон шоликорӣ шъд, неки пахтакорӣ нашидай [9, 13].

3. Дар ҷумлаи якум оид ба ашёе сухан меравад, ки дар ҷумлаи дуюм гӯянда ба ягон ва ё ҷамъе аз аломатҳои ин ашё баҳо дода, онҳоро тасдиқ ё рад мекунад. Ҳаму орд хубай, неки Сълаймун наҳъш зааст. У мърд рафт, неки сирша касе надунист [9,13]. Авсунаи пър медунистъмъ, неки фъромушу каръм.(Сағирдашт)

4. Бо ин пайвандак ҷумлаҳое алоқаманд мешаванд, ки амали яке ба воқеъ гардидани амали дигар монеъ мешавад. Бинобар ин, бештар хабари ҷумлаи дуюм дар шакли инкорӣ меояд. Қисме аз онҳо дар шакли саволӣ оянд ҳам, дорои маънои инкор мебошанд: Хабар-шу каа бъдем, неки, наумадан [9,14]. Неки ҳаму Мирзошо ни бъсйор созай [10,81].

5. Пайвандаки неки ҷумлаҳоеро пайваст менамояд, ки байни ҳам дар муносибати хилофӣ воқеъ гардида, байни ҷузъҳои онҳо унсурҳои грамматикӣ ва ё лексикие, ки хилофи ҳамдигар бошанд, вуҷуд надоранд: Ҳамиҷа йаг мусфед (муйсафед) бъд, неки вақапъш накарем. Ҳамакъм рӯзи ҳид гуспанд къшт, неки уқа ката наби (Дарвоз).

6. Пайвандаки неки ду ҷумлаи мураккабро ба ҳам пайваст месозад: Талъ ат умада воша бай иҷа-ра, нағзи нағз-ай, неке наумада воша, ганда (Саидон) [9, 14]. У гъфт, ки мън ов мехъръм, на нун, неки ба мардъм-а хизмат менъм [10, 83].

Пайвандаки мазкур гоҳе дар шакли неки ки низ ба  назар мерасд: Гелос хома-йу неки ки мечинан [9,15]. Як мърғ доштем тхмкън би, неки ки кое мъх зад (пинҳон шуд, гум шид) (Дарвоз).

Пайвандаки агане // ане дар ин шеваҳо васеъ истифода шуда, барои алоқаманд намудани аъзои чидаи ҷумла ва пайвастани ҷумлаҳои сода хизмат мекунад. Ин пайвандак муодили пайвандакҳои агарна/вагарна, набошад –и забони адабии тоҷикист.

 Пайвандакҳои вагарна, набошад аз ҷиҳати иҷрои вазифаи грамматикӣ метавонанд синоним шаванд. Маълум аст, ки пайвандаки вагарна дар навишт истифодаи фаровонтар дошта, пайвандаки набошад дорои хусусияти умумиистеъмолӣ аст ва дар гуфтор низ бисёр ба кор меравад. Ин пайвандакҳо барои алоқа ва ифодаи муносибати муқобилгузорӣ ва қиёсии байни ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаб истифода мешаванд.

Вазифаи асосии пайвандаки агане//ане пайвастани ҷумлаҳоест, ки  маънои хилофӣ доранд: Лой-а тезта девол-къ, агане қоқ мешава. Маҳӣ надора, агане гърифтан-ъш осонай [9,14].

Алоқаи грамматикии байни ҷузъҳои ин навъи ҷумлаҳо нисбатан мустаҳкам мебошад, зеро дар вуқӯи амалҳо - хабарҳо як навъи ба ҳам вобастагӣ ва алоқамандии сабабу натиҷа, шарту оқибат мавҷуд аст. Одатан амали ҷумлаи якум муҷиби вуқӯи ҷумлаи дуюм аст. Гӯянда амали дуюмро чун як навъи эътироз бар хилофи амали якум медонад ва судури амали дуюмро бар сифати натиҷаи ҷараён ва ё зуҳуроти амали якум маънидод мекунад: Шавда шамол нагаштестай, агане хънкай иҷа. Азбаски имшаб шамол навазида истодааст, ин ҷо хунук нест [9,14].

Ҳамин тавр, ҷумлаи якум ҳамеша тобиши маъноии шарт ва сабаб дошта, ҷумлаи дуюм натиҷа ва оқибати амали ҷумлаи якумро фаро мегирад: Шав шияст, агане мерафтъм. Вом намундъм хунданӣ, агане дуно бим (Сағирдашт). Насибу об накашида бъдай-да, агане Москов рафтанӣ бъдъм [9,14].

Ҳамаи ҷумлаҳои мураккаби тобеъе, ки бо як ҷумлаи мустақил омада, бо пайвандаки агане пайваст мешаванд, дорои ҷумлаи пайрави шартӣ мебошанд. Ин бори дигар тасдиқ менамояд, ки байни ҷузъҳо муносибати шартӣ ҳукмрон буда, амалҳои воқеӣ ва ғайривоқеиро ифода мекунанд. Масалан, дар ҷумлаҳои зерин амалҳои ғайривоқеиро ифода мекунанд: Мо мардъми къҳистон ноқобилем, агане шаст қати моҳи қапида мешава. Акъ намейовиш, агане миёфтиш, ҳиҷ кас чени ӯ афсуна намедуна [9, 15].

Тарзу мавриди истеъмоли ин пайвандак барои ҳамаи шеваҳои ҷануби шарқӣ як хел буда, тафовути шевагии он ба назар намерасад.

Пайвандаки аммо. Пайвандаки аммо моҳияти соф хилофӣ, муқобилгузорӣ, муқобилгузории эзоҳӣ, муқобилгузории маҳдудӣ, муқобилгузории қиёсӣ, муҳобилгузории хулосавӣ дорад ва серистеъмолтарин пайвандаки хилофӣ ба шумор меравад. Аммо ин пайвандак дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби шеваҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқӣ хеле кам ба назар мерасад ва дар шеваҳои номбурда ба ҷойи он пайвандаки воре истифода мешавад. Пайвандаки аммо ҳамчун дар забони адабӣ, ҷумлаҳои хилофмаъноро марбут месозад: Гуспандо-ра нъқроз мекардем, аммо нъқроз набъд [9,15].

Пайвандаки воре // воре ки. Пайвандаки воре // воре ки асосан хоси лаҳҷаҳои ҷануби шарқист. Ин пайвандак дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ бо таъсири лаҳҷаҳои ҷануби шарқӣ пайдо шудаанд. Аз ҳамин сабаб дар он маҳаллаҳое, ки дар шафати интишори лаҳҷаҳои ҷануби шарқӣ ҷо гирифтаанд, бештар ба назар мерасад. Пайвандаки мазкур дар лаҳҷаҳои ноҳияҳои Дарвоз, Ховалинг, Сангвор, Лахш, Тоҷикобод ва деҳаҳои гирду атрофи ин ноҳияҳо мавриди истеъмол аст.

Ҷумлаҳои мураккаби пайвасте, ки тавассути пайвандаки воре\\воре ки ташаккул меёбанд, дорои муносибатҳои зайланд:

 1. Байни ҷузъҳои аксари ин хел ҷумлаҳо муносибати хилофӣ мавҷуд буда, гоҳо амали ҷумлаи якум нисбат ба дуюм ва бештар амали ҷумлаи дуюм ба якум муқобил истода, ба судураш монеъ гардидааст ва ё мамоният хоҳад расонд: Се сол шид утотчики фурма бъдъм, воре овардан-ъм бъргат-ъм каран,гуйо,ки се моҳ шид.[10,108]. Да хундани-ш дохтъм, воре хунда натунист. Чистони дроз-ай, фаръмъш-ъш каам[9,19].

 2. Ғайр аз ин гурӯҳ боз ҷумлаҳои дигаре ба назар мерасанд, ки дар ҷумлаи дуюми онҳо ягон аломати яке аз аъзои ҷумлаи якум тасдиқ ва ё инкор карда мешавад ва ё ҷумлаи дуюм ифодакунандаи муносибат ва нуқтаи назари шахси гӯянда нисбат ба маънои ягон аъзо ва ё тамоми мундариҷаи ҷумлаи якум ба шумор меравад: Да Дарвоз чормағзои бисёрай, воре ки шаклъ-шу ҳархеласт. Биёраки ҳамтарист, воре ки наҳт-ъм заҳан(Дарвоз).

 3. Пайвндаки воре// воре ки метавонад ҷумлаҳои содаи мустақилро бо ҷумлаҳои мураккаби тобеи пайваст низ алоқаманд намояд: Амишани ранги амуш нъгаҳ къме, воре иш бхунаме, уш не (Дарвоз). Толе надодан-ъш, воре пинсийа-ш-да туғрӣ кардан[10,100].

Ин пайвандак дар ҳамаи лаҳҷаҳои мавриди пажӯҳиш бо пайвандаки хилофии аммо ҳамвазифа аст, вале дар баъзе мавридҳо ҳамчун пайвандакҳои хилофии забони адабии тоҷик, вагарна ва набошад хизмат мекунад. Аммо дар ин вазифа чандон серитеъмол нест. Фарқияти асосии ин гуна ҷумлаҳо аз дигар мавридҳои истифодаи пайвандаки воре иборат аз ин аст, ки байни ҷузъҳои онҳо муносибати шартӣ ҳукмрон буда, алоқаи грамматикии ҷузъҳо чандон суст нест: Алова ҳаму къштаст, воре ғалла анъзерам месухт. Бъргат даҳмардаҳо-ра ҷанг мекъна, воре гуспандо-ра мегйан[9,16].

Пайвандаки воре гоҳо бо пайвандакҳои дигар хусусан -у\\-ъ ва неки\\неке якҷоя меояд, ки дар ин маврид ҳар ду ба туфайли ҳамдигар як маънои грамматикиро сареҳу равшан ифода мекунанд: Аҳмад хуб-ай-ъ, воре Анвар дигар одам-ай[9,16]. Олуча пъхтай, воре чинданъш-у қинай.Форист-ъм брам, воре нагуфт-ъм (Саидон).

 Дар чунин ҷумла низ воре ку бо пайвандаки неки дар адои як вазифа истифода гардидааст: Мън мерам воре-ку неки кор доръм[9,16].Мъ ни бай ҳами рафтъм, шаҳодатнума-ш-а додан, воре ҳоли дар ҷебаки кастум-ум, неки бай бача ройи-ш кардум[10,108]

 Ҷумлаҳои мураккаби пайваст бо калимаи набоша // ноша. Дар шеваи ҷанубӣ ҳамчун  дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ ва шеваҳои дигари он ба сифати пайвандак истифода шудани шакли инкории феъли ёвари бошад // набошад бисёр ба назар мерасад. Калимаи мазкур аз рӯи вазифа бо пайвандаки хилофии шартии “вагарна”- и забони адабӣ монанд аст, вай дар байни ду ҷумла омада, онҳоро бо ҳам алоқаманд менамояд. Вазфаи ин пайвандак иборат аз сурат додани муносибати хилофист. Аммо вай бо тобишҳои иловагии маъноӣ аз дигар пайвандакҳо тафовут дорад: Севора такид-шу набоша шохои драхт  мешикастак. Ҳами борун бисйо зъмин-да фоида кад-да, набоша ҷъфт намешъд. Ами раҳи дуръш-ай набоша тез-тез миъём. Йаке мошин йофт шава, мерам набоша мийём. И руз ҳами ҳодиса шъд, ноша мерафтъм[9, 17].

Бояд қайд намуд, ки доира ва тарзи истеъмоли ҷумлаҳои мураккаби пайваст бо пайвандаки мазкур барои ҳамаи лаҳҷаҳои ҷанубӣ як хел аст. Вай бештар дар лаҳҷаҳои Кӯлобу Ҳисор бештар ба назар мерасад

Пайвандаки локин//лекин. Ин пайвандак камистеъмол буда, ҳамчун пайвандакҳои аммо, неки (воре) як амалу ҳодисаро ба амалу ҳодисаи дигар муқобил мегузорад: Ай мъна рафтанъм маълъмай, лекин умаҳанм не. Наму корчалуни бадай, локин дар кор-ъш нагръфтан (Сафедорон). Тавре ишора шуд, дар шеваи мазкур бо пайвандаки–у//-ъ якҷоя омадани пайвандаки локин// лекин ҳодисаи маъмулӣ ба ҳисоб меравад.

Пайвандаки анде//анде ки. Ин пайвандак дар шеваи ҷануби шарқӣ, алахусус дар ноҳияҳои Дарвозу Тавилдара ва деҳаҳои атрофи он (Сағирдашт, Сафедорон, Саидон ва ғ), мавриди истеъмол аст ва дар шеваҳои дигари забони тоҷикӣ, хусусан дар гуфтори бархе аз деҳаҳои Варзоб, маъмул аст. Ин пайвандак дар забони адабии классикии форсу тоҷик низ ба назар мерасад ва ба вазифаи пайвандакҳои чунки, зеро ки, барои он ки истифода шуда, ҷумлаи пайрави сабаб ва мақсадро бо сарҷумла тобеъ мекунад:

Ҷуфти ғамаму хуш аст, оре

Анде ки наям зи дарди ту фард[7, 74].

                                           ***                                                 

Гар гулистон зи боди хазон зард шуд, равост,

Анде ки сурх бошад рӯи худойгон.

      ***            

Дил дар ҳавасат зи ҷон барояд,

Ҷон дар ғамат аз ҷаҳон барояд.

Гӯ: “ҷону ҷаҳон мабош, анде-к

Мақсуди ту аз миён барояд (Анварӣ).

***

Бо он ки ман аз ишқи ту расвои ҷаҳонам,

Ҳам розиям, анде ки ту зебои ҷаҳонӣ [9, 18].

 

Дар давраҳои ибтидоии ташаккули забони адабии форсу тоҷик мавриди истифода будани ин пайвандакро Ж. Лазар қайд намуда, ба тариқи намуна ду мисол овардааст, ки дар мисоли якум он чун муродифи пайвандаки то ки омада, ҷумлаи пайрави мақсадро ва дар мисоли дуюм ҳамчун муродифи пайвандаки сабаби чунки истеъмол шуда, ҷумлаи пайрави сабабро ба сарҷумла алоқаманд намудааст: [9, 18].

Раво дорам, ту ҳар чӣ хоҳӣ, бигӯ, анде ки ӯро ба даст орӣ,

Ҳама бо дӯзах шаванд, анде ки бар тоати монанд [11, 478].

Анде ки ҳамчун пайвандаки пайвасткунандаи хилофӣ, дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ, ҷануби шарқӣ мавриди истеъмоли васеъ буда, аз ҷиҳати хусусиятҳои синтаксисӣ бо пайвандакҳои вагарна, набошад монанд аст: Чанд доруе бъганш мехармш, анде вариш соз шава: Оча-ш-а гъфт- ай, ки бъги бъхъ, анде мегъръм, да да ҳалқат ҷушоҷуш мерезм-ъш.[9,18] Анде шъмо йак ҳъҷрайи нағз къне[10, 80].

Пайвандаки ала. Ин калимаиро  дар лаҳҷаҳои мазкур гоҳо ба вазифаи пайвандак (ба маънои набошад, вагарна) ва баъзан ба вазифаи ҳиссача во- хӯрданаш мумкин аст: Хапъ  къ, гӯшъм къ, ё ала хап кънм, гӯшт кънм. Ала ита бъгӯ, корота буд накарӣ. Хай, ала  мън бъхезъм, ки гудако тоқа-ҳандак. Хай бачао, ала мън аку боло сар мекънъм (бар мегардам)-у каҳ медъравем [10, 107,109].

Пайвандаки хо. Калимаи хо  асосан хоси лаҳҷаи ҷануби шарқист. Дар баъзе маҳалҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқӣ,  хусусан  дар Ховалинг, Шугнов, Сангвор, Дарвоз, Кевру, Сағирдашт, Саидон ва деҳаҳои атрофи ин мавзеъҳо, калимаи хо ба сифати пайвандаки хилофӣ истифода шуда, ду ҷумлаи хилофмаъноро бо ҳам алоқаманд менамояд: ҳар,  ки  къна, бо хъд къна, хо бад къна, хо нек къна [10,55]Хо бъдунаме хо не  неки  қоил нагарӣ. Ҷфти зъмин рамеъ, хо бора хо не (Сағирдашт).

Хулоса дар шеваи ҷанубӣ ва ҷануби шарқӣ, чунон ки қайд карда шуд, пайвандакҳо ба шакли мазкур истифода мешаванд. Аммо дар теъдод ва тарзи истифода аз ҳам фарқ мекунанд, аз онҳо пайвандакҳои лекин, аммо, вале хеле кам истифода шуда, бештар дар гуфтори аҳли зиё ба назар мерасад.

Дар шеваи ҷанубӣ  забонамон, ҳамчун дар шеваи ҷануби шаркии забони тоҷикӣ  ҳодисаҳои синтаксисие, ки хусусияти архаистӣ доранд, назар ба шеваҳои дигари забони тоҷикӣ бештар маҳфуз мондаанд. Ин ҷиҳат собит менамояд, ки далели мавҷудияти  мазкур барои синтаксиси таърихӣ дорои аҳамияти фавқулода аст.

КИТОБНОМА

  1. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 1989. – 224  с.
  2. В. С. Расторгуева.  Опыт  сравнительного  изучения  таджикских

говоров / Расторгуева В.С. − М.: Наука 1964. – 190 с.

  1. Забони адабии ҳозираи тоҷикӣ. Синтаксис: Ҷ.1. – Душанбе: Маориф, 1984. – 328  с.
  2. Маҳмудов М., Ҷураев Ғ., Бердиев Б. Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубии забони таҷикӣ / М.Маҳмудов ., Ғ.Ҷураев., Б. Бердиев. − Душанбе: Пайванд, 2012. − 946  с.
  3. Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / А. З. Розенфельд. − Л. : Ленинградский Университет: 1964. – 151 с.

 

  1. Фарҳангӣ забони тоҷикӣ. Ҷ.1. − М.: Советская энциклопедия, 1969. – 951 с.
  2. Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ. Ҷ.3. − Душанбе: Дониш, 1979. − 274  с.
  3. Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ. Ҷ.4. − Душанбе: Дониш, 1982. – 334  с.
  4. Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ. Ҷ.5. − Душанбе: Дониш, 1984. −252  с.
  5. Y.L a z a r d. La Iangue des plus enciens monuments de Ia prose persane. − Paris, 1963. – 478 р.

Баррасии ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакдори хилофӣ дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқии Тоҷикистон

    Дар ин мақола мавзӯи ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакдори хилофӣ дар лаҳҷаҳо ҷанубӣ ва ҷануби  шарқии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Муаллиф кӯшидааст, ки дар заминаи таҳлилу пешниҳоди мисолҳо мавқеъ, дараҷаи истифода ва дигар вазифаҳои гарамматикии муодили пайвандакҳои аммо, вале, лекин, валекин, балки,  вагарна, ҳол он ки, ва ҳол он ки, бошад, набошад-ро, нишон диҳад. Дар мақола инчунин масъалаи нақши пайвандакҳои хилофӣ дар ташаккули ҷумлаҳои мураккаб баррасӣ гардидааст.

Калидвожаҳо: ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакдори хилофӣ, лаҳҷаҳои  ҷанубӣ,  лаҳҷаҳои ҷануби шарқӣ, хусусиятҳои синтаксикӣ.

Рассмотрение сложносочинённых предложений с противительными союзами в южных и юго-восточных таджикских говорах

    В данной статье рассматривается тема сложносочинённых предложений с противительными союзами в южных и юго-восточных таджикских говорах на  примере соёзов  но, а, хотя, однако, впрочем, тем не менее, зато, иначе и особенности их использования.  А также в статье раскрыты синтаксические  и их особенности и роль противительных союзов в формировании сложносочиненных многосоставных предложениях,  приведены примеры из говоров и произведений поэтов.

Ключевые слова: сложносочиненные предложения, противительные союзы, южные говоры, юго-восточные говоры, синтаксические особенности.

Consideration of compound sentences with opposing unions in southern and southeastern Tajik dialects

This article discusses complex sentences with opposing unions in southern and southeastern Tajik dialects in the example, but, although, however, nevertheless, but, otherwise, their use in southern and southeastern Tajik dialects is also different. Their syntactic features and the role of opposing unions in the formation of complex compound sentences are also revealed, examples are given from the works of modern poets, as well as from the works of classics.

Key words: compound sentences, nasty unions, southern dialects. southeast dialects, syntactic features.

Маълумот доир ба муаллиф: Шарипова Мастона Баҳриддиновна, унвонҷӯйи Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ ҶТ, тел.:+9929857703255.

Сведения об авторе: Шарипова Мастона Бахриддиновна, соискатель Института языка и литературы им. Абуабдулло Рудаки АН РТ тел.: +992985703255,

About the author: Shаripova Mastona Bahriddinovna, Research student of the Institute Language and Literature of the Academy of Sciences of Republic of Tajikistan, Phone:+992985703255.

24.09.2021

 

RU