БАЁНИЯИ       

конференсияи илмӣ-назариявӣ ба гиромидошти устод Муъмин Қаноат дар мавзуиМақоми Муъмин Қаноат дар адабиёти муосири тоҷик, ки ба муносибати 90-солагии шоир, узви вобастаи АМИТ 20 майи соли 2022 бахшида мешавад.

                                                                                             20 майи соли 2022

      Муъмин Қаноат аз донишмандон ва шоирони маҳбубу машҳури адабиёти тоҷик ба шумор рафта, дар умри сари худ асосан шеъру достон навишта, ҳамчун устод МирзоТурсунзода ба мавзуъҳои ҳаёти ҶТ ва берун аз он, ба воқеаву ҳодисаҳои ҷаҳон бо шеъру достон ва маърузаву мақолаҳои сершумор суханронӣ кардааст. Устод Муъмин Қаноат ҳамчун Раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, Директори Маркази дастхатҳои хаттӣ ва муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва яголнагии халқҳои Тоҷикистон фаъолият карда, бо  эҷодиёти худ ба  Ҷоизаҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, Рӯдакӣ, комсомол мушарраф гардидааст. Устод Қаноат ҳамчунин вакили мардумӣ, Раиси Комиссияи корҳои хориҷӣ, Раиси муҳофизати сулҳ ва ҳоказо буданд. Хусусан шеъру достон асоси эҷодиёти ӯро ташкил менгамоянд. Силсилашеърҳои дар як мавзуъҳои гуногун офаридаашон сабаби асосии пайдо омадани достонҳои лирикӣ шудаанд, ки ин анъана дар назми асри бистум аз устод Мирзо Турсунзода  оғоз гардида, дар эҷодиёти насли нави адибон хусусан Ғаффор Мирзо ва Муъмин Қаноат доман паҳн кардан гирифт. Ин анъанаи аз шеърҳои алоҳидаи дар як мазмуни муайян таълиф шудани шеърҳои алоҳида асоси қариб ҳамаи достонҳои Муъмин Қаноатро  ташкил менамоянд. Силсилашеърҳои ба ҳам марбут ва дар як мавзуи муҳим эҷодшуда шеърҳоро ба ҳамдигар васл намуда, достон ба вуҷуд меоварданд. Ин анъана решаҳои қадимии миллӣ дошта, дар асри бистум дар назми ҷаҳонӣ васеъ иштиҳор ёфт ва дар навбати худ сифатҳои нави эҷодии назми тоҷик ва умуман форситаборон гардид.

       Имрӯз дар конференсияи илмӣ-назариявии эҷодиёти устод Қаноат сухани ифтитоҳӣ аз Президенти АМИТ академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз гардид. Як кинофилм дар ҳаҷми 20 дақиқа низ ба намоиш гузошта шуд. Дар конференсияи мазкур устодони шеъру адабиёт узви вобастаи АМИТ Аламхон Кӯчарзода, муҳаққиқон Асрори Раҳмонфар, Забеҳуллоҳи Беҳрӯз, Ҷамолиддин Саидзода, Абдуламин Маҷнунов суханронӣ карданд. Донишмандони муътабари адабиёту фарҳанги тоҷик академик Акбари Турсон, мунаққид Абдураҳмони Абдуманнон ва шоир Раҳмат Назрӣ аз ҳаёту эҷодиёти  адиб ёддошту хотираҳо гуфта, шеърҳо хонданд. Хусусан қироати шеърҳо аз ҷониби Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир шунавандагонро бештар ба ваҷд овард.

     Иштирокдорони конференсияи илмию назариявӣ дар охир ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия менамоянд:

     1. Аз Иттифоқи нависандагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки зиндагинома ва фаъолияти эҷодию адабии устод  Муъмин Қаноатро дар муассисаҳои таълимии умумӣ ва мактабҳои олии                       бахши филологӣ пурра фаро гиранд;

     2.  Ҳамаи осори пештараю ҳозираи устод Қаноатро дар Куллиёти иборат аз чанд ҷилд  дар муҳити ҳаёти соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ мукаммал  ба чоп расонем;

     3.  Хона-музейи устод М.Қаноат асосан дар Маркази вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ сохта шавад.

     4. Ду қуллаи ба номи устодон Миршакар ва Қаноат пешниҳодшударо тарафдорӣ менамоем.

    

 

RU