Нуктаҳои Паём дар меҳвари гуфтугӯи олимони Институт

  

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ҷаласа дар ҳошияи “Паём”-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ҳамаи кормандони Институт баргузор гардид. Ҷаласаро директори Институт Боймурод Шарифзода ифтитоҳ намуда,  қайд кард, ки  дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тамоми самтҳои хоҷагии халқи кишвар ва ҷанбаҳои маънавии ҳаёти мардум ва аҳли илму маорифи мамлакат бо тафсил сухан рафтааст. Дар “Паём” Президенти кишвар соли сипаришударо ҷамъбаст ва муваффаққиятҳову  норасоиҳои онро таҳлил намуд. Доир ба масъалаҳои илму маориф, фарҳанг, иқтисодӣ, таъмини некуаҳволии мардум, суботи миллӣ, таҷлили ҷашнвораҳо ва монанди инҳоро ҳамчун ҳадафҳои барномавӣ маълумот дод. Масъалаи илму маориф ва тандурустӣ дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Муҳаққиқон ба таҳқиқу омӯзиши самтҳои гуногуни илм дар Академияи миллии илмҳои мамлакат машғул буда, таваҷҷуҳи хосаи Президенти кишвар ба соҳаҳои гуногуни илм дар мамлакат махсус дар Паём зикр шудааст. Агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи ин муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар зиёд шудааст.

Ҳамчунин директори Институт  афзуд, ки дар Паём омадааст: “бо мақсади дастгирӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад”.

Паёми имсолаи Пешвои миллат аз санаи 26 январи соли 2021 бисту дуюмин Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ маҳсуб меёбад. Дар ин Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон самтҳои муҳими сиёсати дохилиро дар соли 2021 кишвар мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Дар маҷлис мудири шуъбаи таърихи адабиёти тоҷик д.и.ф., профессор Сатторзода А. дар мавзӯи “Вазъи минтақа дар партави “Паём”-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуд. Устод афзуд, ки “Паём”-и имсолаи чаноби Олӣ барои мо мардуми ватандӯсту ваҳдатсиришт ниҳоят саривақтӣ мебошад. Яке аз самтҳои асосие, ки Президенти муҳтарам, ҷаноби Олӣ дар “Паём”-и ҳамасолаашон ба Маҷлиси Олӣ таваҷҷуҳи хосе медиҳад, самти сиёсати хориҷӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таъкиди он ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришуда ва соли нав моҳиятан дигар нашудааст, яъне кишвари мо мисли пешина “...роҳандозӣ кардан ва пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикии судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявиро пеш хоҳад гирифт...” аммо омили наве, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмашон такрор ба такрор ишора карданд ва таъкид карданд, агар аз забони худашон гӯем “то рафт мураккабтар гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон” мебошад.

Ҳамчунин дар ҷаласа оид ба дурнамои рушди илму маориф ва фарҳанг дар суханрониҳо ва Паёми имсолаи  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудири шуъбаи адабиёти муосир доктори илми филология Шоҳзамон Раҳмонов суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз аввал эҳсос менамуданд, ки мактабу маориф омили пешрафти ҷомеа мебошад, бо одамони бедониш киштии давлатро ба роҳи дуруст рондан мумкин нест. Бинобар ин ҳам аввалқадам мактабу маорифро тартиб адаохта, барои мактаббачагон шароити муҳим ба вуҷуд оварданд, намунаҳҳои нави лиқе, гимназия, мактабҳои усули байналмилалӣ созмон дода, ҷавонони лаёқатмандро (42000 нафар) ба хориҷи кишвар барои таълим гирифтан, забон омӯхтан ва соҳибкасби ҷаҳонӣ шудан ба 25 кишвари дунё фиристонд. Муассисаи таълимӣ ба фикри Ҷаноби Олӣ, макони олирутбаи пешрафти маънавиёти ҷаҳонӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат қариб дар ҳамаи паёмҳои худ аз омӯзгорон талаб менамояд, ки ба сатҳи сифати дониш зиёд диққат диҳанд, ҷавононеро ба комл расонанд, ки киштиии илму донишро аз талотумҳо натарсида, ба роҳи росту дуруст шиновар созанд, забони халқҳои дқнёро эҷодкорона омӯзанд. Ҳамчунин ба олимони тоҷик дастур медиҳанд, ки дар кори эҷодии худ фаъол бошанд, таъриху тамаддуни беш аз ҳазорсолаи тоҷиконро ба мардуми дунё таблиғ намуда, рисолати таърихии худро шоиста иҷро намоянд.

 

RU